Хандаи нешдор

 Ҳаҷву мутоиба яке аз жанрҳои душворписанди адабӣ буда, аз гўяндаи хеш диди таҳлилгарӣ, мушоҳидакорӣ ва гузашта аз ин ҷуръату ҷасорат ва забони тезу тунд, ки андеша аз «сари сабз» надошта бошад, тақозо менамояд. Ба маънии дигар ҳаҷв ифшогари нуқсу иллат ва камбудию норасоиҳои иҷтимоӣ мебошад. Он лаҳза, воқеа ва ё ҳодисаро, ки нависандаи ҳаҷвнигор мебинаду таҳлил менамояду менигарад, ҳарчанд моҳияти хеле ҷиддӣ дошта бошад ҳам аммо бо хандаи малеҳе хотима меёбад. Ва ин хандаи таҳдору андешамандона зарба ё ин ки силии обдорест бар сари нуқсу иллатҳои ҷомиа. Муаллифи ин китоб дўстдори чунин хандаи ислоҳгару созандааст.

Вассофи олами зебои наврасон

 Дар таърихи адабиёти аҳди шўравии тоҷик адибон М. Миршакар, А.Деҳотӣ, П.Толис, Б.Ортиқов, Г.Сулаймонова, А.Бобоҷон, Ғ.Ҷўразода ва чанд тани дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти наврасон чун шохаи алоҳидаи адабиёти муосири тоҷик нақшаи муҳим доштаанд.

 Ба қатори чунин адибон Абдумалик Баҳориро шомил метавон кард, ки ҳанўз аз оғози фаъолияти эҷодии худ, яъне аз солҳои  панҷоҳуми қарни гузашта, бо таълифи осори манзуму мансур барои бачагон машғул гардида, намунаҳои хуби онро офарида тавонистааст. А.Баҳорӣ  

Парчами миллӣ: Аз дирӯз то имрӯз

 Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам аз аҳди қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт.Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзи ливоҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст давровардани ливои душман одатан маънии рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани ливо ифодагари марги сарвар ва ё асир уфтодани ӯро дошт. Ҳамчунин, дирафш нақши даркнамоиро иҷро мекард: 

Симини Донишвар – симои дурахшон дар адабиёти форсӣ

 Симини Донишвар румонннависи маъруфи эронӣ буд, ки аз худ  мероси гаронбаҳо ба ҷо гузоштааст. Вай муаллифи асарҳое чун "Шаҳре чун биҳишт", "Ба кӣ салом кунам?", "Ҷазираи саргардонӣ", "Сорбони саргардон" ва маҷмӯъаи мақолоти "Шинохт ва таҳсини ҳунар", романи машҳури “Савушун” аст. Ҳамчунин бо тарҷумаи осоре аз Бернорд Шов ("Сарбози шукулотӣ"), Атон Чехов, ("Душманон"), Олен Питун ("Бинол, Ватан"), Нотонил Ҳоурен ("Доғи нанг") ва ғайра дар муъаррифии нависандагони барҷастаи ҷаҳонӣ ба мухотабони форсизабон нақше 

 

Чу Дороб пеш омаду ҳамла бурд...

 Дороб яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шоҳи Эрон, писари Баҳман, фарзанди Исфандиёр. Модараш Ҳумой духтари Баҳман буд, ки Баҳман ўро ба никоҳаш даровард ва ў мебоист тахти шоҳиро ба фарзандаш вогузор мекард. Ҳумой ҳомиладорӣ ва таваллуди фарзандашро ниҳон медошт. Пас аз таваллуд фарзандашро ба доя дод. Дар ҳаштмоҳагӣ сандуқеро бо дебову ҳарир орост, дар он зару ҷавоҳир ва дурри шоҳвор ниҳода ба дарёи Фурот (дар баъзе нусхаҳои «Шоҳнома» Даҷла омадааст) андохт. Дидбоне таъйин кард, ки шинои сандуқро назорат кунад. Дидбон дид, ки сандуқро об 

Китоби Умринисои Султон бо фотеҳаи Ҷӯра Ҳошимӣ

 Шоира ва табиби мардумӣ Умринисои Султон зодаи води Зарафшон аст. Соли 1953 ба шаҳри Душанбе омадааст. Интернати духтаронаи 10 – умро соли 1959 ва шуъбаи филологияю таърихи Донишгоҳи омўзгории ба номи С. Айниро соли 1965 хатм кардааст.

 Ҳангоми дар мактаби миёна ва донишгоҳ таҳсил карданаш ба эҷоди шеър пардохтааст. Аввалин чакидаҳои хомаи ў дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ замони донишҷўй буданаш интишор ёфтаанд. Сонитар намунаҳои беҳтарини ашъораш дар китобҳои дастҷамъии «Шоираҳои боистеъдод» ва «Кокули бом» ба табъ расидаанд.

Страницы