90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»

   Нақшофарии самимонаву басо ҷаззоби ҳунармандони шинохта Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов. Ин филмро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тамошо кунед.

    Дар филми «Зумрад»  (коргардон  Абдусалом Раҳимов,  Александр Давидсон, муаллифони 

Шоир дар бораи шоир

    Китобе, ки дар борааш мехоҳем қисса кунем ва шумо, хонандагони азизро ба мутолиаи он даъват намоем, “Ҳадяи бобо” ном дорад ва муаллифи он Убайд Раҷаб – яке аз беҳтарин шоирони муосири мост, ки миёни бачаҳо аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ин китобро ду сол баъди марги шоир нашриёти “Адиб” чоп кардааст ва гуфта мешавад, ки охирин китобе буда, ки муаллиф омодаи чоп карда буд.

   Суханро дароз намекунем,  дар зер порае аз навиштаҳои ҳамқалами устод Убайд Раҷаб ва шоири шинохтаи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимиро иқтибос меорем, ки дар сароғози “Ҳадяи бобо” омада.

Тақвими моҳ

Моҳи августи соли 2019

1-уми август

65-солагии зодрӯзи Абдумавлон Азимов (1954), олими соҳаи иқтисод.

65-солагии зодрӯзи Ҷононбек Асозода (1954), рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

 

70 – соли чопи як китоби устод Садриддин Айнӣ

Дар  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон   таҳти  шумораи  50706  китобе маҳфуз аст, ки  «Садриддин  Айнӣ” ном дорад ва он асарҳои мунтахаби абарустод мебошад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1949 чоп кардааст. Аз чопи он  70 сол  сипарӣ  гардид.Китоби мазкур замоне интишор ёфт, ки устод Айнӣ дар ҳаёт буд ва яқинан худи ӯ панҷ асари маъруфашро зери унвони “Асарҳои мунтахаб” мураттаб намуд. Дар саҳифаи аввали он мехонем: “Нашриёти  давлатии

“Биология умумӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед

 Хонандагон дар синфи 11 омўзиши биологияи умумиро, ки дар синфи 10 ба он шурўъ карда буданд, давом медиҳанд. Дар  синфи 10 кадом мавзўъҳоро омўхтанд? Гуногуншаклии олами зинда, эволюцияи кимиёвӣ ва биологӣ, эволютсияи биосфера, пайдоиши ҳаёт дар рўйи Замин, ташаккули кимиёвиии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии генетика ва қонунҳои ба мерос гузаштани аломатҳо ва ғайраро.

Страницы