Дар ҳамоиши Бишкек аз хизматҳои Китобхонаи миллӣ ёд шуд

Ширкаткунандагони ин ӽамоиш – ёдбуд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Тайторо Ботирқулов – адиб, рӯзноманигор, тарҷумон ва табиатшиноси маъруф аз роӽбарияти Қирғизистон хостанд, ки барои таҷлил аз 100-солагии адиб дар сатӽи ҷумӽурӣ ва минтақа иқдом намоянд ва барои ба тартиб овардан ва нашри осораш мусоидат кунад.

 

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ...

 Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.

Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии

Маҳфили “Ганҷи сухан” дар Китобхонаи миллӣ

 Баъд аз зуҳри дирӯз, 31-уми октябр бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Ганҷи сухан” бо ширкаткунандагони озмуни байналмилалии “Talent” баргузор шуд.

 Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар сухани муқаддамотии худ ғолибонро барои иштирок ва 

Мадиброҳим Норматов – як чеҳраи саршиноси илми забоншиносӣ аз олам даргузашт

​ Равони устод Мадиброҳим Норматов-яке аз забоншиносони маъруфи кишвар субҳи имрӯз ба раҳмати Ҳақ пайваст. Устод Мадиброҳим Норматов моҳи феврали соли гузашта 80-ро пур карда буд. Бо он ки бознишаста буд, устод ҳамоно ба шогирдон дарси забон меомӯхт ва бастагонаш мегӯянд ҳатто рӯзе қабл ҳам Донишгоҳ рафта буд.

 Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  Зфилология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

 

Тақвими моҳ: Ноябри соли 2019

1-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Оим Абдуллоева (1939), олимаи соҳаи иқтисод.

80-солагии зодрӯзи Баҳром Фируз (1939-1994), шоир, нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Файзулло Умаров (1939

Олими варзида, фотеҳи майдони ҷанг, ватандўсти асил

​ Солӣ ҷорӣ ба мавлуди профессор Додоҷон Тоҷиев 104 пур шуд, аз даргузашташ 32 сол сипарӣ гардид. Яке аз чеҳраҳои маъруф дар забоншиносии замони Шӯравии Тоҷикистон аст. Муаллифи даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои илмиву пажӯҳишист. Шарафи ҳамнишинӣ бо олимони варзидае чун И. И. Зарубин, А. А. Фрейман, Е. Э. Бертельс, И. И. Мешанинов, С. Г. Бархударов доштааст ва аз ликсияву суҳбатҳояшон баҳраҳои комил бардоштааст. Муддати 30 сол сарварии бахши забон дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро ба уҳда доштаву даҳҳо тан худро аз шогирдони ростини профессор Тоҷиев медонанд.

 

Страницы