Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

 Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 508 китоб тақдим кард, ки яке аз он “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад.  Феҳристи  номҳои  миллии тоҷикӣ  тибқи  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.

Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

 Хонаводаи олими шинохта Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ 638 нусха китоби китобхонаи шахсии ӯро тақдим карданд. Аксари ин китобҳо илмианд ва бештар дар мавзӯъи пажӯҳишҳои олими варзида навишта шудаанд. Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо чандин китоб аз илмҳои дақиқ, геология, экология, минерология ва авторефератҳои зиёде, ки солҳои мухталиф навишта шудаанд, ғанӣ гардид.

 Кист Кабут Вазиров?

Рамзи ишқи поки инсонӣ ва сидқу вафо

   Таҳмина, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб мебошад. Аз Таҳмина дар достони “Рустам ва Суҳроб” – и «Шоҳнома»-и безавол ёд мешавад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, Рустам рўзе дар ҳудуди шаҳри Самангони Турон шикор карда, баъди анҷоми  шикор соате ба хоб рафт. Аспи ў – Рахш ба галаи аспони шоҳи Самангон, ки дар наздикӣ мечариданд, ҳамроҳ шуд.

    Рустам аз хоб бедор шуда, аспашро надид ва дар ҷустуҷўи он ба шаҳри Самангон ворид гардид.

Хобатонро чӣ гуна таъбир мекунед?

   Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс - тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад.Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан 

Эълони озмуни ҷойи кор дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад. Асноди зарурӣ ҷиҳати ширкат дар ин озмун аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар муҳлати 21 рўзи тақвимӣ баъди чопи эълони мазкур ба суроғаи шаҳри Душанбе,  хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаи Теҳрон 5 қабул карда мешаванд.

Суратгарӣ чист?

 Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).Намунаҳои нисбатан  сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати

Страницы