“Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино”

 Дирӯз, 29-уми октябр дар доираи Конфронси илмии “Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик”, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик бахшида шуда буд, китоби синамошинос Тилло Некқадамов бо номи “Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино” муаррифӣ шуд. Шариф Комилзод-Директори Пажӯҳишгоҳи ёдшуда зимни суханронии худ аз ин фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард: 

 «Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷилдӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки    

Китобҳои тозавуруд: “Ҳуқуқ”

  Ин китобча маҷмуи  саволҳо  санҷишӣ – тестӣ  дар асоси  барномаи  таълимӣ аз фанни  ҳуқуқ  барои донишҷуёни   факултетҳои иқтисодии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон  бо  назардошти  тахассусҳо  ва ривояи  талаботи  ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи  «Стандарти  давлатии таҳсилоти  олли касбӣ» ва нақшаҳои амалкунандаи  таълимӣ  таҳия  шудааст.

 Омўхтани  асосҳои  ҳуқуқии  соҳибкорӣ, таърих  назария ва амалияи он  барои ҳамаи иштирокчиёни  муомилоти иҷтимоӣ  зарур  мебошад. Маҷмуаи  мазкур маҳз  барои  ҳамин  таҳия шудааст, ки нақш ва ҷоий ҳуқуқи соҳибкориро  дар танзими муносибатҳои соҳибкорӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар муарифӣ  намояд.

Ҷонбозӣ ва ҷиноят

 Роҳи асфалтпўш тамом шуду автомобили «Газик» ба роҳи пурчангу хок баромада тақар-туқуркунон чангу хокро ба ҳаво бардошт. Чангу хоки аз қафои мошин ба ҳаво хеста чун гирдбод печутоб хўрда гоҳо аз мошин қафо мемонд ва гоҳо гўё ба он ҳуҷум мекарда бошад, расидан мегирифт ва онро бо абри чанг мепўшонд. Сару рўи мусофири дар машина нишаста аз гарди роҳ пур шуда, вай шахси аз осиё баромадаро мемонд.

 Чанг ба даҳону бинӣ даромада нафаскаширо душвор мекард. Мусофир сулфакунон бо рўймолчааш даҳону биниашро дошта, роҳи чангро гирифтанӣ мешуд ва ба зўр нафас мекашид. Вале чанг ба ҳаво хеста, ба ў маҷоли чашм кушодан намедод. Ҳар замон бо чашмони ба сўзиш 

Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Ҷӯра Ҳошимӣ

 Имрўз дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”-и Шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо адиби кўдакон устод Ҷўра Ҳошимӣ мулоқот баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар расми ифтитоҳи маҳфил дар бораи роҳи эҷодии адиби шинохта

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Китобхона

​ Табъу нашр ва роҳандозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамеша дар мадди назари Китобхона қарор дорад, зеро яке аз вазифаҳои Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи марказии ҷумҳурӣ, бо ҷалби мутахассисон, таъмин намудани китобхонаҳои кишвар бо дастурҳои методии китобдорӣ ва адабиёти тозанашр ва инчунин такмили ихтисоси китобдорони ҷумҳурӣ мебошад.

 Дар нуҳ моҳи соли равон китобҳои Д.Н.Логофет “Кишвари беҳуқуқон”, “Дар кўҳу водиҳои 

Гӯшаи китоби Индонезия дар Китобхонаи миллӣ кушоиш ёфт

​ Қабл аз зӯҳри имрӯз, 25-уми октябр Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур - Султони Қазоқистон) ҷаноби  Раҳмат Прамоноро ба ҳузур пазируфт.

 Баъди суҳбат атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули китоб, таҳкими ҳамкориҳо 

Страницы