Китоби нав. Шодӣ Шокирзода: Шахсияти бузурги таърихсоз

Ин китоб ҳамин рӯзҳо  аз силсилаи “Достони донишварон”, зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода чоп шудааст ва ба қалами Шодӣ Шокирзода навишта шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, китоб ба фаъолияту кору талошҳои Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. 

Дар муаррифии китоби мазкур омадааст, ки дар дарозои таърих суннати хирадгароӣ сиришти азалии миллати моро ташкил дода, дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми асосӣ дорад. Сарвари  кишвар сиёсатро аз аркони маънавият ҳисобида,  дар раванди давлатдорӣ сабақҳои 

Дастхатҳои беназири ниёгон

Дастхатҳо доим ҷустуҷў мешаванд. Қисме аз дастхатҳо, ки дар пўст менавиштанду баъди муддате онро тоза мекарданд ва дастхати дигар сабт менамуданд, ба нестӣ рафтанд. Дастхат китоби чопӣ нест. Дастхатро агар аз даст бидиҳанд, онро барқарор кардан номумкин бувад. Мегуянд, ки бисёр осори ниёгон пурра нестанд.Ҳиссае аз онҳо дастрас шудаасту бас. Кӣ гуфта метавонад, ки бо иллати задухурдҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо,Чингизхон чӣ қадар дастхатҳои нодир барбод рафтаанд?

Аз ҳудудҳои Машриқзамин берун шудани дастхатҳои ниёгон ҳам бесабаб нест. Ин ба тариқи тороҷгарӣ,  тўҳфагузорӣ, хариду фурӯши тоҷирон ва

 

Муаррифӣ: Истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ

Ин китоб соли 2019 чоп шудааст. Муаллиф доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон аст. Дар ин раҳнамо таърих, махсусият ва вазъи имрўзаи истилоҳоти тоҷикӣ ба ваҷҳи мухтасар таҳқиқ шуда, зимнан дар 14 банд усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ муқаррар гардидааст.

Раҳнамо барои истифодаи мутахассисони забон ва истилоҳот, кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни мактабҳои олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Дар муқаддимаи китоб, ки “Истилоҳоти тоҷикӣ” номида

70 соли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфили хотирмоне баргузор шуд. Камол Насрулло аз маъруфтарин чеҳраҳои адаби мост, ки бо ашъори нобу дилпазираш мақоми хос дорад. Ӯ 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981),

Хусрав Нозирӣ.Деваштич, Баҳроми Гӯр ва Амир Ҳасанак ба ҳам чи муносибате доранд?

Ҳамаи мо бо Баҳроми Гӯр, Деваштич ва Амир Ҳасанак, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи вежа доранд, камобеш ошноӣ дорем. Ин се шахсияти номдор дар давраҳои гуногуни таърихӣ (байни ҳар яке аз онҳо ба тартиб тақрибан 300 сол фосилаи замонӣ вуҷуд дорад) ва маконҳои мухталифи ҷуғрофӣ (Эрони Ғарбӣ, Фарорӯд ва Хуросон)

Милоди Ҷӯрабек Мурод – Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ

Имрӯз милоди босаодати яке аз шаҳсутунҳои санъати тоҷик аст. Шахсе, ки тӯли солиёни дароз бо сурудаш пайғомрасони тоҷикони олам буду ҳаст. Пулест миёни гузашта ва имрӯз, устодест забардаст. Аз ҳалқаи он таронасароёни маҳбуб Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёз, Барно Исҳоқова, Акашариф Ҷӯраев ва даҳҳои дигар, ки имрӯз ҷисман бо мо нестанд. Вале ҳамоно сурудашон,

Страницы