Ҷомеа, давлат, сиёсати хориҷӣ, амният...

 Ниёгони мо яке аз кўҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутаммадину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд. Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақшаи барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушди густариши тамаддуни ҷаҳони сахми арзанда гузоштаанд.

Як ду рўзе, ки дар ин хонаи танг меҳмонӣ....

  Инсоният дар тўли таърих, дар ҳамагуна шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Беш аз ин дар ҳаёти инсон тарбияи ахлоқӣ ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Ба ин хотир, аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шудааст. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш 

Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!

​  Бино бар ақидаи як зумра олимону муҳаққиқон Мавлоно эҳтимол зодаи Балх набуда, балки дар қисми шарқи водии рудхонаи Вахш, ки ба Амударё резиш мекунад, мутаваллид шудааст. Аз он ҷое, ки ин минтақа дар дигар тарафи рӯди Ому воқеъ аст,инро метавон гуфт, ки ҳамон қисмат дар Тоҷикистони имрӯза ҷойгир шудааст. Ин фазо аз нуқтаи назари фарҳанги як қисми Балх аст ва ин ҳамон маконест, ки Баҳоуддин Валад падари Мавлоно воизу ҳуқуқдон буд. Ӯ солҳои 1203-1211 дар онҷo кору зиндагӣ намуда, дар Самарқанд низ дар соли 1212 умр ба сар бурдааст. Сипас у эҳтимолан аз он ҷое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 ҳиҷрат мекунанд, ба Балх бармегардад.

 Инро ҳам бояд фаромӯш накард, ки Бахоуддинро 

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…

  Имрӯз, 30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхст. Аз се рӯз пеш ба инҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ пуранд аз мақолоте дар бораи Мавлоно, осор ва эҷоди ӯ. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод 

Мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик”

 Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик” доир гардид.

 Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани муқаддимавии худ гуфт, ки “саҳми зиёиёну олимон дар ҳамаи соҳаҳои қишри ҷомеа зиёд ва назаррас аст. 

Гули гўёи Бадахшон: Фарзона дар бораи Мавҷигул

Мавҷигул зодаву парвардаи якчанд маърифату фарҳангӣ тавоност, ки дар маҷмўъ як тамаддуни мўҳташами умумибашарӣ ва як тамаддуни муаззами исломӣ будаанд. Ў менависад, ки «Орзу дорам, дар диёри бобоям – Баҷоури Покистону дар манзили бибиям – Кашмир, қадам занам ва дар деҳаи хушманзараи Дихори Афғонистон соатҳо истаму ба рўҳи поки аммаи бузургам – Бибироҷуни Қуръонхону Ҳофизхон, роз гўям». Нигоҳи Мавҷигул, ишқу умеду 

Страницы