Дониш андар дил чароғи равшан аст...

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.

       Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати

 

Суҳбати муфид дар атрофи Паёми Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ

         17 – уми январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи  роҳбарият ва кормандони муассиса бо иштироки  мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факулати ҳуқуқшиносии 

Як соли Маркази такмили ихтисос

            Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 фаъолият намуда ба якчанд дастовардҳо ноил гардид. Барои гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ ва сайқал додани дониш 299 нафар донишҷўёни макотиби олӣ, коллеҷу литсейҳои пойтахт ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

 

«Дар сўҳбати соҳибдилон» бо иштироки Рафоат Абдусаломова

 Қабл аз зӯҳри имрӯз дар толори “Ошёни булбулон” бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бо иштироки журналист, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, нахустнаттоқи Телевизиони Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ,  Рафоат Абдусаломова доир гардид.

Манзараҳои зимистонии “Дастони моҳир”

 Ҳар фасли сол зебогии ба худ хос дорад. Аз ҷумла зимистон низ. Ҳарчанд солҳои охир мо барфи онро пазмон мешавем, вале чун меборад, он пазмониро мебарад. Зеби зимистон барфи он аст, чунонки зеби баҳор борону гулу сабзаи он аст. Зеби зимистон бистари барфии замин аст, ки барои кӯдакону наврасон шодии беҳад меорад. Ва ин тифлонанд, ки ҳамасола омад-омади онро интизорӣ мекашанд. Вале ихтиёри табиат на дар дасти инсон аст. Мо наметавонем барфро гӯем бибору он борад ва боронро бигӯем исту он қарор гирад. Вале зимистонро ҳам мисли баҳор пазмон мешавем.

 

 

Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад...

             Сада то асрҳои Х-ХI ҳар сол ҷашн гирифта мешуд, лекин баътар, тадриҷан аз байн рафт. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Имрўз ҷашнҳои мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Ҷашни Сада ҳамчун ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз инчунин давраи ниҳолшинонӣ тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

                                            

Страницы