Агар хонӣ ту боре шеъри пурсўзу гудози ман...

 Агар умр бевафо намебуд Мавҷигул Зардодхонова – ин шоираи ширинсухан ба синни 56 қадам мегузошт. Вале сад ҳайфу дареғо, ки умраш басо кутоҳ буд: ҳамагӣ  48 сол зист. Ва озодаву зебо зист. Тирамоҳ ба дунё омад ва зимистони сард тарки олам кард. Дар ин умри басо кутоҳ аз худ бастаи шеъри ноб ба ёдгор гузошт, ки дар чанд китоб ва маҷмуаҳо дастаҷамъӣ гирд омадааст. Ва гӯё медониста, ки кам мезияд. 

 Ҳар кӣ будам, ҳарчӣ будам суст ё вологуҳар,

 Шеър мегуфтам зи умқи синаи худ пур аз шарар.

Ёде аз Амир Хусрави Деҳлавӣ

 

 

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.

 

Аввалин маҳфили “Равшандилон” баъди таътили тобистона

  Бо гузашти ҳудудан як моҳ аз таътили тобистон аъзои маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллӣ аввали ҳамоиши худро барпо карданд. “Равшандилон” як маҳфили эҷодкорон дар миёни афроди имкониятҳояшон маҳдуд аст, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад.

Маҳфили навбатии «Дастони моҳир» зери мавзўи «Хурусаки тоҷбарсар»

  Фирӯза Аҳророва-гардонандаи маҳфили “Дастони моҳир” мегӯяд ин як маҳфилест, ки ба зеҳни кӯдакон кор дорад. Ҳадаф ҷалби хонандагони наврас ба он ки бияндешанд. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар мавзӯъи ин маҳфил дар зеҳни наврас чизеро ҳатман бедор мекунад ва ӯро водор месозад, ки ба корҳои созандагӣ майл пайдо кунад.

 Ва ин бор мавзӯъи “Хӯрусаки тоҷбасар” интихоб

Ҷавонон ва миллат аз нигоҳи як ҳамкори ҷавони мо

  Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ танҳо кадрҳои ҷавони босавод ва шахсиятҳои солимфикр метавонанд давлатро соҳибӣ карда, арзишҳои миллии онро ҳифз намоянд, дар амри амалӣ намудани мақсаду ормонҳои миллӣ ҳамчун фарзандони бонангу номус саҳмгузор бошанд, барои сарбаландии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлат ҷаҳду 

Нақши муассири Пешвои миллат дар илму техника ва технология

  Асри XXI давраи босуръати илму техника ва техналогия, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмўъ таҳавулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омўзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рўз ба рўз ба манбаи арзишманд ва пурқиммати башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст.

  Бо боварии комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар

Страницы