Донишҳои донишманд

 Таърихи адабиёти форсӣ афродеро зиёд медонад, ки бо ном ё тахаллуси Дониш шеър гуфтаанд, достон навиштаанд, қасидаву ғазалу рубоӣ сурудаанд ва ё беҳтарин пажӯҳишҳои илмиро дар риштаҳои гуногун анҷом додаанд. Маъруфтарини онҳо Аҳмад Махдуми Дониш аст, ки назар ба дигарон дар бораи ӯ бештар медонем. Вале ҳоло сухан дар бораи Донишҳои дигар хоҳад рафт...

 Дониш Мирзо Тақихон

Хона хомўшу дил бувад пурҷўш...

 Аз даргузашти шоираи маъруф Мавҷуда Ҳакимова 27 сол сипарӣ шудааст ва аз рафтани Норинисо Алимуҳаммадова бештар аз як сол гузаштааст. Яке 60 сол ва дуюмӣ 69 сол умр дидаанд. Сатрҳое, ки ҳоло хоҳем хонд,  39 сол пеш навишта шудаанд. Ҳудудан чиҳил сол пеш, ки шоира Нориниссо хеле ҷавон ва шояд ба аввалин маҷмуаи ашъораш сарсухани ҷолибе навишта, аз вуруди як шоири дигар ба боғи адабиёт навид дод.

Китоби нав: “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”

 Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   дар фазои пасошўравӣ аз ҷониби рохбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд.  Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.

 Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ  Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти хуқуқи байналмилалӣ ва 

Кӯдакон ва наврасон ҳам бояд Донишнома бихонанд

 Кўдак  то  давраи  мактабхон  шуданаш  ба  воситаи  донишномаҳо  бо  донишҳои  аввалияи  инсонӣ  мусаллах  мегардад,  ки  дар  натиҷа  кори  таълиму  тарбияи ў  дар  мактаб  ба  маротиб  осон  мешавад.  Барои  кўдакони  мактабхон  низ  маълумоти  энсиклопедӣ  дар  баробари  китобҳои  дарсӣ  хеле  зарур  аст.                                                                                                                  

Эмомалӣ Раҳмон

 

Китоби нав: “Шанхайская организация сотрудничества”

 Ин китоби тозавуруд, чуноне аз номаш пайдост, дар бораи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар шакли кутоҳшудаи СҲШ ифода мешавад. Ва табиист, ки ба таърих ва фаъолиятҳои ин созмон аз замони таъсисаш то ба кунун бахшида шудааст.

 Муаллифи китоб Маҳмадамин Оймаҳмадов талош кардааст як услуби содаву даркаш осонтарро ба кор барад, то хонанда  тавонад ба осонӣ марҳилаҳои рушди ин Паймони байналмилалриро бифаҳмад.

Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

 Сухан аз Абдурраҳмони Ҷомӣ аст. Аз таваллудаш 605 ва аз вафоташ 527 сол сипарӣ шуд. Турбати покаш дар шаҳри Ҳирот аст ва ҳамоно зиёратгоҳи аҳли илму ирфон, иродатмандони шеъру достон, уламои тариқат аст. Муаллифи бузургтарин шаҳкорҳо дар адабиёт, олими маъруф ва яке аз шайхони муътабари замони худ буд.

 Ҷомӣ Нуриддин Абдурраҳмон ибни Низомуддин Аҳмад ибни Шамсуддин Муҳаммад (7.11.1414, деҳаи Харгарди

 

Страницы