Маҳфил бахшида ба Рӯзи китоб

Ҳар он миллат, ки устодаш китоб аст,

Дилаш равшан ба мисли офтоб аст.

Худо бар миллати мо сарваре дод

Китобу донишу лафзи дари дод.

Маҳфили шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба «Рўзи китоб» бо ҳамин мисраҳо оғоз шуд ва муаллима ба хонандагон аз таърихи “Рӯзи китоб” муфассал нақл кард.  

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Аҳмад – махдуми Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла. (таваллуд –1242 ҳиҷрӣ, вафот 1314).

Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад, хонандагони мўҳтарам маъзур шуморанд.

 

Суханони гуҳарбори Пешвои миллат дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрўз мо бо ифтихор ба истиқболи бистсолагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муҷассамаи нишони давлатӣ, Душанбе, 25-уми августи соли 2011.

Қадрдонии кормандони Китобхонаи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ дар «Рӯзи китоб»

Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» як қатор фаъолони соҳаҳои мазкур бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонида шуданд, ки миёни онҳо 7 нафар

Духтари Солор кист?

Духтари Солор шоири форс - тоҷик. Дар бештари тазкираҳо бо ҳамин ном ёд шудааст. Баъзе тазкираҳо ўро Бинти Исфаҳонӣ низ ном бурдаанд. Падараш Ҳусомуддини Солор, мулаққаб ба «Ҳуҷҷату – л- ҳақ устоду – д – дунё», шоир ва файласуфи нимаи дуввуми асри 12 буд.

Духтари Солор дар Мавсил зистааст. Дар мадҳи Азмуддин Кайқубоди аввал (ҳукмронӣ 1210-1217), аз подшоҳони салҷуқии Осиёи Хурд,

Страницы