Ободонии рӯзи чоршанбе: паси бино сабзтару хуррамтар мешавад

Аз субҳи имрӯз кор барои ободонии атрофи Китобхонаи миллӣ ҷараён гирифт.
Гуруҳе аз кормандон барои побели заминҳо ва тоза кардани он аз ҳар гуна гиёҳҳо, хасу хошок ва сангрезаҳо вориди майдон шуданд.
Ҳадаф аз ин талошҳо бо ободонӣ ба ҳусни Китобхона ҳусн бахшидан аст.
Сабзазори паси бинои пурҳашамати Китобхона макони тозаву дилкушоест, ки дар сурати пурра ба сабзазори хуррам табдил шудан ҳусни маконро дучанд боло мебарад.
Корҳои ободонӣ дар Китобхона ҳамаарӯзианд.

 

Барчаспҳо: