Ободонии рӯзи шанбе: ҷӯйборҳо аз хасрӯбаҳо пок шуданд

Аз субҳ боз рӯзи ободонӣ буд. Ин силсиларӯзҳои ободонии баҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доранд.
Имрӯз ҳам кормандони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи дерин атрофи бино ва заминҳои пушти онро тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро тоза карданд, то об бидуни монеъа вориди сабзазори ҳотаи Китобхона шавад.
Дар воқеъ агар аз ҷӯйборҳо ҳамеша хабар нагиранд бар асари бодҳои парешон хасу хасрӯбаҳо ба равиши об монеъ эҷод мекунанд. Ин аст, ки ҳар рӯзи ободонӣ ҳатман аз ҷӯйборҳо хабар мегиранд ва онҳоро аз хасрӯбаҳо тоза мекунанд.
Рӯзҳои ободонӣ ҳамоно идома доранд.

 

Барчаспҳо: