Омӯзгорон мегӯянд бо шогирдонашон сайри Китобхона хоҳанд омад

Рӯзҳои 11, 13 ва 15 -уми октябри соли ҷорӣ муаррифии  имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхона дар  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии №5, № 17, №18, №24, № 28 , №30, №40, № 42 ва № 45- и  шаҳри  Душанбе  идома  ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гуруҳи кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, шуъбаи феҳристнигорӣ ва  Маркази иттилооти ҳуқуқии  Китобхонаи миллии Точикистон ба ин  чорабинии муҳим сафарбар гардидаанд.
Вохӯрии навбатии гуруҳи кормандони китобхона аз муассисаи таҳсилотҳои умумӣ оғоз гардид. Кормандони  Китобхонаи миллӣ  доир ба имконот, хизматрасонӣ, роҳҳои аъзо шудан ва дарёфти  корти пластикӣ, курсҳои забономўзӣ, истифода аз технологияи иттилоотӣ ва дигар самтҳои хизматрасонӣ, маълумот доданд.
Ҳамчунин ба хонандагон аз панду ҳикматҳои бузургон доир ба китобу китобхонӣ ёдоварӣ шуданд.
Дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимоти умумӣ кам набуданд афроде, ки борҳо ба китобхона омадаву, роҳҳои вуруд, фармоиши китоб ва ғайраро медонистанд. Вале боз ҳам кам набуданд афроде, ки умуман намедонанд Китобхонаи миллӣ дар куҷо воқеъ шудааст.
Дар табодули афкор миёни хонандагон, омӯзгорон ва кормандони китобхона хеле масъалаҳои барои онҳо норушан рушан карда шуданд.
Дар хотима барояшон чун дастури раҳнамо буклетҳо тақдим шуданд.
Омӯзгорон ваъда доданд, ки ба муҷарради пайдо шудани камтарин имкон ба хонандагонашон сайри Китобхона хоҳанд омад.