ОШНОӢ БО КИТОБ: Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи Таърих. Аз Ориён то Сомониён

 Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?

Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки дар даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешоруйи мо қарор мегирад, ҳар фарди ҷўяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи калқи тоҷик ҳидоят менамоянд.

Рўҳи равони фарзанди фарзонаи халқ академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ў «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Ин  марди бузург аз осорхонаи бе интиҳои таърихи осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷик зарра-зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин, сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.

Асари «Тоҷикон» воқеан шўълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромўшгаштаи таърих миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони  бедордилу фидоӣ рўҳу мадор бахшид. Дар он даврае, ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта, ҳама гуна кўшишҳои худшиносии миллӣ саркўб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омўзиши тақдири таърихии милли тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд.

Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рўҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рў овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробар ба чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомўзи таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешоруйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.

Борҳо ҳангоми аз сари минбар сухан гуфтану дар вохўриву ҷаласаҳо баромад намудан, гаштава баргашта таъкид мекардам, ки давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест. Зеро халқи тоҷик то аҳди сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар моварои Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудаст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамини тарҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст.

Воқеан, таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур рафта мерасад, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ҷанбаҳои ривояти оғоз мегирад. Ин давраи асотириро давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён қаламдод кардаанд, ки ғолибан манзараи ҷомеаи  ибтидоӣ ва соҳиби ақлу тамиз гардидану ба остони тамаддун расидани ниёгони моро дар ҷомаи  ривояту қиссаҳои дилангез фаро мегирад. Модоме ки асотири Юнонзамин, асотири Банӣ Исроил, асотири Мисри қадиму Бобулу Ошур чун як рукни  таърихи ин кишварҳои мутаққадим эътироф шуда бошад, пас сулолаи асотирии Пешдодиёнро сарчашмаи таърихи давлату давлатдории тоҷикон ва дигар мардуми ориёӣ шинохтан айбе надорад.

Давраи давлату давлатдории сулолаи Каёниён зинаи аз асотир ба воқеияти таърихй гузаштан буд; ба аҳди подшоҳии Гуштосп ва зуҳури паямбарии Зардушт poст меояд. Модоме ки таълимоти Зардушт ва китоби муқаддаси «Авесто»-ро кулли уламои ҷаҳон ва тавонотарин таърихшиносони Шарқу Ғарб эътироф карда, шукӯҳу шаҳомати давлати Каёниён ва кишварй “Ҳазоршаҳр”-и онҳо – Балху Бохтари бостониро ситоиш намудаанд, оё мо тоҷикон – ворисони воқейи сулолаи Каёниён ҳуқуқи маънавие дорем, ки аз ин ҳақиқати кайҳо эътирофшудаи таърих чашм бипӯшем ва домани абову аҷдоди худро раҳо: намоем? Пойдевори воқеии давлати Бохтару Суғди қадим маҳз дар ҳамин давра гузошта шуд, садҳо шаҳрҳои ободу шаҳристонҳои овозадори ниёгони мо, роҳҳои корвонгарду марказҳои бузурги тиҷоратӣ дар ҳамин давра қомат афрохтанд. Аҳди давлату давлатдории Бохтару Юнон ва Кушониён бошад, бузургтарин саҳифаҳои таърихи куҳани миллати тоҷик аст, ки ҳанӯз ҳам пурра омӯхта нашудааст.

Азбаски домани пешгуфтор кӯтоҳ аст ва зиёдаравиро намеписандад, аз зикри давлату давлатдориҳои минбаъдаи тоҷикон худдорӣ намуда, ҳаминро меафзоем, ки баъди истилои араб дар Мовароуннаҳру Хуросон давлати тавонои Тоҳириён ва дертар давлати Саффориён арзи ҳастӣ намуданд, ки дар қудрату кишвардорӣ аз давлати Сомониён камӣ надоштанд. Вале давлати Сомониён тавонист, ки як давраи хеле пурбаракату мусоиди болоравӣ ва шукуфоии тамаддуну давлатдориро фароҳам оварда, як зинаи навбатии ташаккулёбии давлати тавонои миллӣ ва муттаҳидкунандаи халқияти тоҷик, як ҳавзаи паҳновари эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои моддию маънавии миллати мо гардад. Давлати Сомониён дар ниҳояти кор як ҷавлонгаҳе шуд, ки кишвари фарҳангхезу миллати фарҳангпарвари тоҷик бори дигар заковати фитриву ҳувияти миллии хешро дар ин давра ба ҷаҳони мутамаддин нишон дод. Ин давра чун ҷамъбасти роҳи таърихии ташаккули халқи тоҷик ва ба авҷи камолот расидани давлату давлатдории миллии тоҷикон эътироф шудааст.

Ин як иқтибосе буд аз пешгуфтори китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, ки соли 2009 чоп шудааст.

Чаҳор китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар як ҷилд дар Медиатекаи з ҷаҳор китоб иборат буда, дар Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутолиа дастрас аст.

Хонандагон ҳамчунин ин китоби пуразишро метавонанд аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоянд.  

Далер Калонов, муовини сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон