Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон муборак!

Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад.

Дар ин чорабиниҳо беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба  тамошо гузошта мешаванд, консертҳои идона ташкил мегардад. Кўдак дар ҷомеаи мо тоифаи соҳибимтиёз аст ва ҳуқуқи муайяне дорад. Ҳукумати мо ғамхорӣ ба кўдакро вазифаи бисёр муҳим ва аввалиндараҷа медонад ва ҳама чизи беҳтарини мамлакат пеш аз ҳама ба кўдакон бахшида мешавад. Тарбияи хуб дар боғча, таълими ҳамаҷониба дар мактаб ва оила таъмин карда мешавад.

Давлат барои нигоҳубини кўдак ба модарон ёрии моддӣ мерасонад, оилаҳои серфарзанд ва модарони танҳо, эҳтиёҷманд барои тарбияи кўдакашон аз давлат кўмакпулӣ мегиранд. Кўдакони ятим ва бепарасторро кўдакистонҳо ва мактаб-интернатҳо, кўдакони маъюбро хонаҳои махсус барои тарбияи махсус мувофиқ ва мутобиқ гарм ба оғўш мегиранд ва хараҷоти онҳо ҳама ба зимаи давлат аст.

Кўдак ҷузъи ҷомеа аст. Фардои ҷомеа аз тарбияи насли ояндаи имрўз вобастагӣ дорад. Бинобар ин ҷомеаи мо ба он мекўшад, ки кўдакони солим ба дунё оянд ва хуб тарбия гиранд. Кўдакон ғунчаҳои наврастаанд, ки инкишоф  тарақиёт ва таълиму тарбияи онҳо кўшишу заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Айёми тифлӣ давраи афсонавии инсон басо аҷоиб, зебо рангорангу щавқовар, олами нотакрор аст. Кўдакон ғарқи олами рангин бо хандаҳои зебояшон оламро рангину зебо мекунанд ва мо модарон аз он як дунё ҳаловат мегирем. Имрўз мо шукрона мекунем, ки кўдакон ҳастанд ва бигзор ки ҳамеша бошанд. Тамоми дустрўяконро бо ин иди байналмиллалиашон табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша тансиҳату хандонрўй бошанд.

Идатон муборак, дўстрўякони азиз!

Дар Китобхонаи миллӣ барои кӯдакон ин китобҳоро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:

Сафарзода О. Идхо дар мактаб.  – ­­Душанбе; Ирфон . 2009. 320 с.

Рисолахои ҷавонмардӣ.  – Душанбе; Маориф ва фарханг. 2010. 276 с.

Умархўчаи Ҳ. Достони панди пири хирад. – Душанбе; 2005. 256 с.

Аминзода С. Гулбоғи хирад. – Душанбе; Маориф ва фарханг, 2009. 284 с.

Хофизи Ш. Насихат гўш кун ҷоно. – Душанбе; Маориф ва фарханг, 2008. 196 с.

Б. Абдурахмонов. Донишномаи кўдакон ва наврасон. – Душанбе; Эр- граф, 2013. 564 с.

Ю. Аҳмадзода.Чор дарвеш. – Душанбе; Адиб, 2009. 208 с.

Афсонаҳои Халқи тоҷик. – Душанбе; Маориф,  2017. 460 с.

Чӣ? Кай ?дар куҷо. – Душанбе; Энциклопедияи Милли тоҷик, 2016. 248 с.

Сайрон Сафарова,
м
утахассиси шуъбаи
илмӣ – таҳқиқотӣ

 

Барчаспҳо: