Сада ҷашни мулуки номдор аст...

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»

Иқтибос аз китотоби Пешвои  миллат

«Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»

Таърихи мардуми мо, ки яке аз шохаҳои умдаи қабилаҳои ориёӣ аст, аз замонҳои бисёр куҳан, вақте ки ориёиҳои бостон дар сарзамини афсонавии Ориёвиҷ зиндагӣ мекарданд, оғоз меёбад. Давлатдории ин қабилаҳо, аз силсилаи подшоҳони Мод ва баъдан Ҳахоманишиҳо сар шуда, ба ҳазораи аввали пеш аз давраи ҳазрати Исо баробар меояд. Вале Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ қабл аз Модҳо ва Ҳахоманишиҳо боз аз ду силсилаи подшоҳон, ки дар таърихи куҳан ва тамаддуни халқи мо нақши барозандае доштаанд, ном мебарад, ки Пешдодиҳо ва Каёниҳо мебошанд. Аз имкони мавҷудияти ду сулолаи охир дар қаламрави Осиёи Миёна ва Хуросон бисёр муаррихон ва минҷумла муҳаққиқи америкоӣ Ричард Фрай ва академик Бобоҷон Ғафуров низ ҷонибдорӣ мекарданд. Агар чунин фарзия воқеият дошта бошад, давлатдории мардуми ориёӣ боз ба чанд садаи таърих амиқ меравад. Сангпояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, ки ин давлатҳоро ба вуҷуд оварда, баъзеи онҳоро ба империяи ҷаҳонӣ мубаддал дода буд, идеологияи ойини Маздаясно мебошад.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод аст, ки бо номҳои Барсада ё Навсада низ маълум буд. Мувофиқи солшумории имрӯза он ба 30 январ рост меояд. Дар ин рӯз мардум хурсандиҳо мекарданд, зеро табиат аз нав зинда ва хунукиҳои зимистон сипарӣ мешуданд. Мардум ба саҳроҳо мерафтанд ва ба гулу гиёҳҳо назар мекарданд.

Дар бораи ҷашни Сада ривояту афсонаҳо хеле зиёданд. Бархе гуфтанд, ки миёни Сада ва Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ки ҳамагӣ сад мешавад. Дигаре гуфтанд, ки дар шаби Сада офариниши сад тан мардум аз насли Машию Машиёна тамом шуда буд.

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Ривояте ҳаст, ки гӯё Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён ба море дучор мешавад ва ба сӯи он мор сангеро мепартояд. Санг хато хӯрда ба санги дигар мезанад ва оташе парида хору хасро месӯзонад. Ҳамин тавр, гӯё оташ кашф шудааст. Одамон ба оташ саҷда карданд ва ин маросимро Сада номиданд. Аҷдодони мо тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирду атрофи он рақсу бозӣ мекарданд ва ба осмон кабӯтарҳо сар медоданд.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Фирдавсӣ

Сада то ҷорӣ шудани дини ислом хеле васеъ ҷашн гирифта мешуд, аммо баъдан қариб аз байн рафт. Баъзе унсурҳои он, масалан афрӯхтани оташ ва хурсандиҳо кардан дар атрофи он, дар байни халқҳои эронӣ ҳоло ҳам боқӣ мондааст.

Ҳарчанд таърих борҳо бар сари мардумамон селоби балоҳо рехта, бисёр расму оинҳои моро ба нестӣ бурдааст, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон алорағми ин ҳама ҷафокориҳо боз ҳам мисоли мурғи Самандар аз оташи сӯзони зулми аҷнабиён рақсон бадар омад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ин ҷашни бостонии тоҷикон мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромад ва ҳамасола бошукуҳтару пуртантана таҷлил мешавад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурӣ

Гулбаҳор Ҳомидова,
мутахассиси шуъбаи
илмӣ-таҳқиқотӣ

 

Барчаспҳо: