Шасту панҷ соли умр, беш аз чиҳил соли пажуҳишҳои профессор Равшан Раҳмонӣ

 Равшан Раҳмонӣ аз маъруфтарин пажӯҳишгарони фолклор, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор аст ва даҳҳо китобҳояш, ки бо чандин забон интишор ёфтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояшон бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.

 Равшан Раҳмонӣ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи  №5-и деҳаро ба поён расонда, ҳамон сол донишҷўи факултаи филологияи тоҷики Университети ба номи В.И. Ленин шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ (1977) дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ (1977-1978), сипас дар ДМТ ба ҳайси мудири кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (1978-1981) кор кардааст.         

 Аз 16 марти соли 1981 то 27 августи соли 1985 дар Донишгоҳи Кобул кор кард. Дар фурсатҳои муносиб аз байни тоҷикони Афғонистон ва ҳамзабонони қавмҳои дигар маводи зиёди фолклорӣ гирд овард. Зимни вазифаи аслии хеш, ки тарҷумаи дарсҳо буд, шабҳо пас аз кор бо ҳамкории таърихшинос, профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуровро аз алифбои кирилӣ ба алифбои форсӣ баргардон кард, ки барои худшиносӣ ва ваҳдати миллии ҳамзабонон нақши муҳиме бозидааст. Равшан Раҳмонӣ аз байни ҳамзабонони афғонистонӣ бо ёрии донишҷўён қариб 20 ҳазор саҳифа ва бештар аз сад кассет маводи фолклорӣ гирд оварда, намунаҳои онро дар се ҷилд китоб зери унвони «Намунаҳои фолклори дарӣ» (Кобул, 1984) ба нашр расонид.

 Пас аз баргаштан ба Тоҷикистон боз ба фаъолияти омўзгорӣ ва илмӣ шурўъ намуд. Омўзгори ДДТ (1985-1986), аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии Лабороторияи бостоншиносӣ, этнография ва фолклори ДМТ (1990), муаллими калони Кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (1991-1993), дотсент (1993), докторант (1993-1997) буд. Аз соли 1997 аввал ҳамчун дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикӣ ДМТ (1997-2001) ва профессори ҳамин кафедра (аз 2000 – то имрўз) кор мекунад. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и созмони байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд» аст.      

 Рисолаи номзадии худро зери унвонҳои «Назми шифоҳии таълифии даризабонони Афғонистони муосир» (Москва, 1989) ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрўз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагўён дар асоси пажўҳиши майдонӣ)» (Душанбе, 1998) дифоъ намудааст.

Ў раиси Пажўҳишкадаи «Мардумшиносӣ» (аз 1992-2005), бунёдгузор ва сардабири нахустин гоҳномаи фарҳанги мардум «Мардумгиёҳ» (аз 1993-2003) буд. Бо пажўҳиши фолклор, адабиёт, таърихи гуфторӣ, этнографияи тоҷикон ва форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва тоҷикони Ўзбекистон машғул аст. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояшон бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.  

Китобҳои зерини ў дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудааст: «Намунаҳои фолклори дарӣ» (дар 3 чилд, Кобул, 1985);

 «Простонародная литература современного Афганистана» (дар 2 ҷилд, Москва, 1994);

«Афсонаҳои дарӣ» (Теҳрон, 1994, 1998);

«Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Душанбе, 1996);

«Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (Москва, 1997);

 «Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ» (Душанбе, 1998);

«Сказки сказочники персоязычных народов» (Москва, 1998);

«Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Душанбе, 1999);

«Проблемы устной поэзии и прозы в творчестве персоязычных народов» (Москва, 2000); «Роҷеъ ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва омўзиши адабиёти миёнаи тоҷик» (Washington DC - 2000, ба форсӣ), «Conversations with Dauvlat Khalav. Oral narratives from Tajikistan» (Москва, 2000, ҳаммуаллиф бо М. Миллс), «Таърихи гирдоварӣ, наш рва пажўҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Душанбе, 2001; Теҳрон, 1380=2001); «Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition(With video-records)» (Будапешт, 2002); «Афсонаҳои нодир» (Пешовар, 2003, 2005); «Тамаддуни ориёӣ (маҷмўаи гуфтугўҳо)» (Душанбе, 2006); «Фиристодаи донов а тавоно» (Душанбе, 2006); «Достони Барзу дар гуфтори Ҷўра Камол» (Душанбе, 2007), «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Душанбе, 2008), «Роҳнамои гирдоварии фолклори тоҷик» (Душанбе, 2009, 2010), «Баёзи эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (дастури таълимӣ) (Душанбе, 2010), «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажўҳиш ва матн) (Душанбе, 2011), «Фарёди бесадо» (Гуфтугў бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Душанбе, 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугў бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Душанбе, 2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Наврўзи ориёии тоҷикон» (2013), «The Story of Barsu: As Told by Two Storytellers From Boysun, Usbekistan». (Leiden University Press, 2013), «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» (Душанбе, 2014) ва ғайра. Беш аз 150 мақолаҳои ў дар ЭМТ, Донишномаи фарҳанги мардум ва энсиклопедияҳои Эрон, Олмон, Амрико низ ба нашр расидааст.   

 Чандин ҳикоя, афсона ва ҳамчунин асарҳои зиёди публитсистии ў дар матбуот чоп шудааст. Раҳмонӣ беш аз 40 сол аст, ки бо гирдоварии маводи фолклорӣ ва этнографӣ машғул аст. Ҳоло дар бойгонии ў беш аз 50 ҳазор саҳифа дастнавис, 12000 сурат, 522 кассет, 84 навори видео оид ба фолклор, расму оин, таърихи гуфторӣ, гуфтугўҳо мавчуд аст, ки аз байни мардуми кишварҳои форсизабон ва марказҳои эроншиносии дунё забт шуда, аз он олимони кишварҳои хориҷӣ низ истифода менамоянд.                                                      Раҳмонӣ иштирокчии ҳамоишҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австралия (1998), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983,1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Дания (2014), Италия (2006), Корея (2009, 2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Миср (2009), Муғулистон (2010), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010), Русия (1988, 2000, 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008), Туркия (2007), Фаронса (2006), Шведсия (2008, 2011, 2014), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011), Ўзбекистон (1993, 1994, 1999, 2002, 2003), Ҳиндустон (1989) буда, дар онҳо суханронӣ кардааст. Корҳои илмии эшон дар кишварҳои Австралия, Амрико, Англия, Аргентина, Афғонистон, Олмон, Покистон, Русия, Франсия, Эрон, Япония, Ўзбекистон чоп шуда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, кореягӣ, ўзбекӣ тарҷума шудааст.                                                                                                            Раҳмонӣ узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993); узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» (аз 2000); узви ҳайати таҳрири маҷаллаи «Эрон ва Қафқоз» [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2005); узви ассотсиатсияи байналмилалии «Эпоси халқҳои ҷаҳон» (Бишкек, аз 1999); узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003); узви «Созмони байналмилалии пажўҳиши нақлҳои фолклорӣ» (аз 2005); узви Шўрои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд» (аз 2006) аст.          

 Равшан Раҳмонӣ беш аз 35 сол аст, ки дар ДМТ бо фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ машғул аст. Эшон роҳбари илмии 18 тан аспирантҳо ва унвонҷўйҳо аст, ки то имрўз 14 нафари онҳо аз рисолаҳои илмии худ дифоъ карданд.       

Соли 2003 барои китоби «Таърихи гирдоварӣ, нашр, пажўҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон», аз кишвари Эрон, ҷоизаи байналмилалии Пажўҳиши солро дарёфт намуд. Соли 2008 дар дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии қиссагўй, дар шаҳри Исфаҳон суханронӣ намуда, сазовори «Медали тилло» гардид.   Хизматҳои ў сазовори ордени «Дўстӣ» (2008), нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) дониста шудааст.

Аз соли 2000 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 194-196.

 

Аз Равшан Раҳмонӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа кунед:

Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажўҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон. – Душанбе: Сино, 2001. – 208 с.

Тамаддуни ориёӣ: Мачмуаи гуфтугўҳо. – Душанбе, 2006. – 242 с.

Роҳнамои гирдоварии фолклори точик: Дастури таълимӣ. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 3 с.

Як афсона дар баёни чор насл: Пажуҳиш ва матни илмӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2011. – 64 с.

Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам. – Душанбе: Эр-граф, 2012. –  48 с.

Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон. – Душанбе: ДМТ, 2012. – 10 с

Насри гуфтории тоҷикони Бухоро. – Душанбе: Адиб, 2015. – 336 с.

Меҳргон дар Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2018. – 64 с.

 

 

Хоби ширин: Лавҳаи лирикӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 22 март.     

Программаи нави фолклори тоҷик // Маориф ва маданият. – 1979. – 4 январ.     

Чашмаи хушкнашаванда: Доир ба анъанаву русуми халқи тоҷик // Садои мардум. – 1993. – 11 апрел.     

Наврўз – мероси Ҷамшед // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2004. – 18 март.     

Аввалин матнҳои фолклори тоҷик: Аз таърихи пайдоиши фолклори тоҷик // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 25 сентябр.              

Суруди суманак дар кишварҳои форсизабонон // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 2 апрел.

Оши палави тоҷикӣ: Очерк ва публитсистика // Садои Шарқ. – 2015. – №10. – С. 63-78.

Васфи Меҳргон дар ашъори шоирони садаҳои IX – XII // Маорифи Тоҷикистон. –  2018. – №10. – С. 4-9.

Шоҳномахонӣ. Онро бояд бо равиши нав эҳё кард: Оиди ҳунари шоҳномахонӣ // Ҷумҳурият. – 2018. – 17 сентябр.

Гуфторҳо аз тоҷикон дар Шведсия ва Италия: Шиносоии профессор Р.Раҳмонӣ аз Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон // Пайванд. –  2018. – №4 (34). – С. 79-90.

Розҳои ногуфтаи Усмонов: Ба пешвози 70-солагии профессор, доктори илми таърих, журналист Иброҳим Усмонов // Фараж. – 2018. – 22 август.

Дарахти дўстӣ биншон: Дар партави сафари давлатии Пешвои миллат ба Ўзбекистон // Ҷумҳурият. – 2018. – 4 сентябр.

Оиди бозии чавгон // Садои Шарқ. – 2018. – №2. – С. 138-155.

Милаи гули сурх ва Наврўз дар Балҳи Бостон: Ҷашнгирии Наврўз дар шаҳри Мазори Шариф // Минбари халқ. – 2019. – 17 апрел.

 Оинҳои наврўзӣ дар Ўзбекистон // Маърифати омўзгор. – 2019. – №3. – С. 16-20.

Оинҳои Наврўзӣ дар миёни тоҷикони Фарғона // Омўзгор. – 2019. – 14 март.

Ҳафтсин дар рўзгори мардуми тоҷик // Дин ва ҷомеа. – 2019. – №3. – С.1.

Ҷашни Сада: Оид ба баъзе паҳлўҳои ин ҷашни ниёгон ва аҳамияти он барои халқи тоҷик // Садои Шарқ. – 2019. – №1. – С. 119-136.

                                               Дар бораи олим:

Раҳимов, Д. Арҷгузорӣ донишгоҳи мардумӣ: Саҳми устод – Равшан Раҳмонӣ дар пешрафти илми фолклоршиносии тоҷик // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 27 ноябр.     

Кучаров, А. Ҳикмате беҳтар аз афсона нест: Порае аз фаъолияти чандинсолаи донишманди шинохта, фолклоршиносу мардумшинос, доктори илмҳои филологӣ Равшн Раҳмонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 6 октябр.     

Муродов, М., Аминов, А. Раҳнамои муфид: Роҷеъ ба китоби доктори илмҳои филология, профессор Равшан Раҳмонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 1 август.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ