библиографияи миллӣ

Ғунча будию гули ховар шудӣ...

Ман мутаҳаййир ба рӯи ӯ нигоҳ кардам. Фармуд, ки як шеърамро ба коғаз кӯчонам. Ман ҳам сабабашро напурсида, шеърамро кӯчонидаму Толис варақаи шеърамро аз дастам гирифта, ба киса андохт. Ман чизе нагуфтам, фақат аз хаёл гузаронидам, ки шояд ба газетаи девории факултет медиҳад… Баъди тахминан ду се ҳафта Толис газетаи "Пионери Тоҷикистон"-ро ба ман дароз кард. Чун онро кушода бинам, ҳамон шеър бо сарлавҳаи "Аълохон" дар газета чоп шудааст. Ба рӯйи Толис бо миннатдорӣ нигаристам. Ӯтабассум карда, табриккунон  самимона дастамро фишурд. Он аввалин шеъри ман буд, ки ба хонандагон расид".

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ 

 

Шаступанҷ соли Аҳмадҷони Раҳматзод

Имрӯз, 20-уми июли соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба синни мубораки 65 қадам ниҳод. Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷумлаи шоирони тозагӯи тоҷик аст, ки бо ашъори дилписандаш миёни мардум маъруфият дорад.

Як ду рўзе дар ниҳодам, санги дунё бишканед...

Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчасп гуфт. Шоире, ки  аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ва гоҳ рӯ овард бо ҳамон навои обшорони диёраш, ки ӯро шоир карда буд. Ва шеъраш ҳамнаво бо садои обшорон ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ расид. Шеъре, ки ба осонӣ мехонӣ ва ба осонӣ ба ҳофиза ҷо мегирад.

Ҳайрат  Шанбезода  4 июли  соли 1933 дар шаҳри  Хоруғ  ба  дунё  омадааст.   Соли1956  факултаи  таъриху филологияи  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро  хатм  намудааст. Муаллими  мактаби миёнаи ба номи

Донишманди хуби шашмақом ва сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ

Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” аст, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик мебошад.

Страницы