Гуфтаниҳо

Аз Хуросон сўи Эрон рафта бошад ин забон....

Ҳар гоҳ, ки аз забон мегўем ибораи «забон ҳастии миллат» ба забон меояд, ки дар он таърих, зарурат, қувват, худшиносӣ, худогоҳии миллат инъикос ёфтааст.

Забони тоҷикӣ асолатан миёни ҳама забонҳои олам куҳнатарин аст ва бо ин забон мероси гаронмояи адабиву илмии халқҳои форснажод навишта шудаанд. Зарфи ҳудудан сӣ соли истиқлолияти давлатӣ дар кишвари маҳбуби мо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат садҳо номгӯ китобҳои қадим аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва ба мардум расонда шуд. Давлати мо барномаҳои вижае барои рушди забон рӯи даст дорад, ки сол ба сол амалӣ мешаванд.

Рўзи наҷотбахши миллат

15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид намуд,ки тибқи он 16- уми ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад.

Интихоби санаи мазкур рамзист, чунки маҳз аз 16- ноябри соли 1992 , яъне рўзи интихоби  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар

Либоси миллӣ нишонаи фарҳанг аст

Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мўди, хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.  Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,

Нигоҳе ба мавзўи Ваҳдати назми даврони Истиқлол

Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва  мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт Бояд тазаккур дод, ки халқи  тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур

Страницы