Китобхонаи миллӣ

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Ҳайати кормандони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Муҳриддин Соҳибзода, корманди бахши кадрҳои Китобхона бинобар даргузашти нобаҳангоми МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Аз Худованди меҳрубон барои модари азиз Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд. 

Эй модар, агар дастрасе доштаме, 
Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме. 

Гулҳои тирамоҳӣ

Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар растаҳои назди бино гулҳои нав шинонданд. Онҳо аввал ҷойи гулҳои пешинро побел карданд, заминашро нарм намуданд ва баъдан гулҳои тару тозае, ки ба иқлими тирамоҳ созгор бошад, шинонданд. Ободонии атрофи Китобхона ҳамешагист. Шанбеи гузашта низ як чунин корҳои ободонӣ шуда буданд ва кормандон заминҳои ҳотаи китобхонаро аз

Намоиши китоб бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил шуд.

Хонандагон акнун метавонанд бо гулчини китобҳо дар мавзуъи иҷлосияи ёдшуда, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу оштӣ, равандҳои сулҳофаринӣ ва субот дар кишвар ва ғайра китобҳои солҳои мухталиф чопшударо мурур кунанд.

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги

Страницы