маркази такмили ихтисос

Зарфи нуҳ моҳ 299 нафар дар маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ омӯзиш диданд

Зарфи нӯҳ моҳи охир дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ 299 нафар маҳорати касбии худро такмил додаанд, ки аксари онҳо донишҷўёни макотиби олӣ, коллеҷу литсейҳои пойтахт мебошанд. Ба курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос мутобиқи дархости МС «До­нишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» (7 нафар), Донишкадаи Давлатии Тиҷоратии Тоҷи­кис­тон

Дар базму рамзи зиндагӣ як духтари танҳо манам...

Сеюмин маҷмуаи шеърҳои Саидаи Зайдулло бо номи «Меҳроби  ғазал» ба дасти хонанда расид. Баъди «Паймонаи  меҳр» ва  «Накҳати  бўстони  ҷавонӣ» ин  севумин  маҷмўаи  шоираи ҷавон аст.

Саидаи  Зайдулло  номзади  илми  филология  адабиётшинос, дар  шаҳри   Душанбе дар оилаи омўзгор ба дунё  омадааст. Падараш  Зайдулло  Зикаев  мурабии гуштини  тарзи «Дзюдо» буда,  модараш  Сайлӣ  дўзанда аст.  Соли  1999  мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии  рақами 11 – шаҳри  Душанбе, факултаи  филологияи  тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айниро  хатм  какрдааст.

Чопи аввалин осорномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо

Осорномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ Кароматуллоҳи  Мирзо ба чоп расид. Ин аввалин иқдом дар интишори номгӯи осори адиби хушнависи тоҷик аст, ки  бо ибтикори Ҷ. Раҷабов, Ю. Мўсоев (мураттибон); пажўҳши библиографии П. Қадимова,  У. Раҷбова, П. Раҷабова;   Ш. Солеҳовуҳаррир); М. Каримов уҳаррири масъул) дар чопхонаи Сомон-граф интишор ёфт.

Чопи осорнома бо дастгирии молиявии Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбубаи Саидзод муяссар шудааст. 

       Кароматуллоҳи  Мирзо аз зумраи маъруфтарин адибони

Вазъ ва ниёзмандиҳои китобхонаҳои Раштонзамин

Китобхонаҳои ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт ба китобҳои тозанашр, техникаи китобдорӣ, технологияи муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаи Интернетӣ ниёзи бештар доранд. Бештари кормандони китобхонаҳо дар вақти суҳбат хоҳиш намуданд, ки баҳри пешрафти кори китобхонаҳо ёрии амалӣ-методӣ зиёд карда шавад.

Як ҳайат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сарварии

Страницы