матбуоти даврӣ

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

  Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мутахассиси пешбари шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайёра Каримова ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми ДУХТАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён мекунанд.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

«Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат»

   Чунин ном дошт ҳамоише, ки баъд аз зӯҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, устодони бахши журналистика дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиш ба ба муносибати  Рўзи матбуоти тоҷик бахшида шуда буд.

  Ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рузномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» рост меояд, 

Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб: Оё шумо омодаед китоб ҳадя кунед?

  Ҳамасола  14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб - иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ – 

Тақдими панҷ китоби тозанашри Вазорати маориф ва илм ба Китобхонаи миллӣ

   Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  

 

Бастаҳои нави рӯзномаҳо аз журналистони маъруфи кишвар

Журналистони шинохта Сайёфи Мизроб ва Холиқназар Ҷумъаев бастаҳои нашрияҳои хондании кишварро аз бойгонии худ ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Ба шарофати ҳиммати Сайёфи Мизроб-соҳибнашрияи “СССР” ва Холиқназар Ҷумъаев бойгонии Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бо шумораҳои солҳои 2016-2017 нашршудаи “СССР” ва 22 бастаи рӯзномаҳои “Фараж”, “Ману ту” ва “Озодагон”, ки солҳои 2009-2012 интишор ёфтаанд, ғанӣ гардид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, беназиртарин Китобхона дар Осиёӣ Марказӣ ва яке аз ганҷинаҳои илму фарҳангӣ ҷумҳурӣ маҳсуб

Китобхонаи миллӣ ва фарҳангу таърихи миллат

(Суҳбат бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов)

- Китоб чист ва нақши ин сарвати беназири фарҳангию иттилооттӣ  дар ҳаёти маънавии мардум, бавижа наврасону ҷавонон чӣ гуна аст?

- Китобу китобхона шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи он ба

Страницы