нигаҳдории китоб

734 нусха китоб аз китобхонаи шахсии Сайф Раҳимзоди Афардӣ

734 нусха китобҳои гуногунсоҳа аз фонди китобхонаи шахсии нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ баъди коркард аз шуъбаи такмили адабиёт ба шуъбаи нигоҳдории китоб ворид гардид.
Китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буда, ба талаботи имрўза ҷавобгўй мебошанд. Инчунин дар қатори ин китобҳо чандин асари худи Сайф Раҳимзод, ки солҳои гуногун чоп шудаанд, низ вуҷуд доранд.
Нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзод Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) 20 ноябри 1953 дар деҳаи Афардии Ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст.  Ҳаёташ 20 майи соли  2000 дар Душанбе ба таври фоҷеавӣ канда шудааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсайид Алии

Чашмандозе ба таърихи пайдоиши китоб

Китоб (калимаи арабии بالكتا - навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда), воситаи интишор ва нигаҳдории иттилоот, ғоя, образ ва донишҳо мебошад. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне  аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст.
Китоб  воситаи муҳими иттлооти оммавӣ, илмӣ  ва техникӣ, аслиҳаи пурзўри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳн ва тарғиби дониш, иттилоот ва

Номгӯи 188 китоби тозавуруди Китобхонаи миллӣ дар моҳи июли соли 2016

Моҳи июли соли равон хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 188 номгӯй китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ғанӣ шуд.
Хонандагон метавонанд бо даҳҳо китобҳои тозавуруд, ки аксари онҳо зарфи ҳамин шаш моҳи охир дар чопхонаҳои мухталифи кишвар интишор ёфтаанд, ошно шаванд.
Аз ҷумла, китоби Зафар Сайидзода “Фаолияти байналмиллалии пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба

646 китоби тозавуруд ба Шуъбаи нигаҳдории китоб

        Дирўз ба  шуъбаи нигоҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз шуъбаи такмили адабиёт 646 нусха адабиёти тозанашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ворид  гардид.
Дар байни китобҳои тозаворид «Куллиёти осор»-и шодравон Абдулманнони Насриддин, донишманди маъруфи кишвар иборат аз ҳафт ҷилд низ ҳаст.
Дар куллиёти олими шинохта рисолаҳои илмии ӯ, ки бархе замони дар қайди ҳаёт будани устоди сухан чоп шудаву баъзеи дигар ба тозагӣ нашр

«Имло ва забони адабӣ»-и профессор Назарзода

Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар даврони истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрўз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Имрўз забони давлатии мо дар паноҳи давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши он тамоми иқдому чорабиниро дар амал пиёда менамояд. Асари «Имло ва забони адабӣ»-и доктори илми филология, профессор  Сайфиддин Назарзода ба масъалаҳои ташаккули таърихии имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда, аз чор боб ва замимаҳо иборат аст.  Боби аввал масъалаҳои хат ва алифбои забони авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ ва

Махзани китобҳои шуъбаи нигоҳдории китоб бо 805 номгӯй китоб ғанӣ шуд

Зарфи шаш моҳи охир кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нигоҳдори китоб аз нашриётҳои кишвар бо теъдоди  1549 нусха (805 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 964 нусха (235номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуданд.
Аз ҷониби раёсати “Тоҷикматлубот”, Фонди ФР  “Содействие”,  “Россотрудничество”,  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва  иттилоот,  КМ Туркия, Маркази илмии Камоли

Страницы