такмили адабиёт

Китоби нав: “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоил тамаддуни Осиёи Марказӣ”

Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст.  Дар муаррифии китоб омада:  Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ  (1920 – 1996) бахшида шудааст.

Китоби нав: “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”

Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ ,ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819 – 1005),дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ  мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ  баррасӣ  шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих,тамаддуни тоҷикон мардумони Осиёи Марказӣ  чун Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Аунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи  Барбатӣ  ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ  бо такя ба 

Китоби нав: “Саҳми пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ”

Илмҳои филологӣ ё суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон таҳти унвони улуми адабӣ ёд шудааст, дорои 22 шоха буда, аз бузургтарин дастовардҳои миллӣ маърифат мешавад, зеро он ифодагари маънавиёт, сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад. Яке аз бузургтарин рисолатҳои таърихии баҷоовардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифи осори илмӣ мебошад. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои « Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996), «Аз Ориён то Сомониён» (1999), «Ориён»(2007), «Забони миллат-ҳастии миллат» (иборат аз ду китоб: китоби 1, 2016, китоби 2, 2020), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедорӣ

Хатлон. Раҳнамои гардишгарон ба ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ

 Дар иртибот ба мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ расид. Дар роҳнамои мазкур бо тартиби муайян  дар бораи  ба ҳар як шаҳру ноҳия, таърих, мавзеҳои ҷолиби сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, вижагиҳои минтақа  маълумоти фишурдае оварда шудааст, ки бешубҳа барои ҳар як сайёҳи дохилу хориҷ ҳазорҳо розро бозгӯ ва сайёҳати онҳрор ҷолибу осон месозад.

Нашри ду китоби Бахтиёр Муртазо: “Хӯшаҳо аз киштаҳо”, “Нақби Истиқлол”

Ахиран нависанда ва журналисти маъруфи кишвар Бахтиёр  Муртазо бо чопи ду китоби наваш хотири мухлисону ҳаводорони осорашро шод кард. Китобҳои “Хӯшаҳо ва киштаҳо” ва “Нақби Истиқлол” дар беҳтарин сифат ба зевари чоп ороста ва ба хонандагон пешкаш шуданд.  Маҷмўаи  мунтахаби  очеркҳо  ва қиссаи  мустанади  нависандаи  маъруф Бахтиёр  Муртазо “Хӯшаҳо ва киштаҳо” дар  ситоиши  корнамоӣ  ва садоқату 

Ҳоҷӣ Юсуф Файзуллои Кангуртӣ. Тараннуми Ватан

 Дар ин маҷмўа ашъори дар солҳои гуноган навишаи як тан омўзгори  қалами шоириву эҷод ба даст гирифта, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, бо умеду  орзуҳои зиндагӣ ҷамъ оварда шудаанд. Бошад, ки аққалан чанде аз онҳо мавриди назари дўстдорони қаломи бадеъ гардида бошад. 

 Рубоӣ ва дубайтҳо

    Ин дашти кушодарура  будаш моем, 

Страницы