такмили ихтисос

Сояҳои Гарму пурмуҳаббати ҳамсояҳо

   “Ҳамсояҳо”-и Гулсифат Шаҳидӣ  як повести хеле хонданиест, ҳарчанд он ба сони ҳикояҳои ҷудогона корбаст шудааст. Вале ба назар мерасад муаллиф сарнавишти ҳамсояҳои қаҳрамони худро дар як маҳалли маҳдуд ба ҳам овардааст. Ва мутолиаи китоб он нуктаро дар зеҳн рушан мекунад, ки дар ҳамин як маҳалла драммаи басо тезутунди зиндагӣ мегузарад. Сарнавишти ҳар ҳамсоя ба сари худ хонданист ва ин сарнавишт дар тасвири адиб аз ҳам ҷудо нест.

    “Одамӣ  аз  замоне  ба тамаддун  расид, худро  ва Худоро  бишнохт, ба фарқу қадри  суду зиён ,неку  бад, сиёҳу  сафед  расид,аз олами  вуҳуш  гусаста, ба олами  инсонӣ  пайваст, ҳамеша ниёз ба

Асрори ададҳоро медонед?

   Агар намедонед, пас руҷуъ кунед ба китоби М.Маҳкамов ва К.Бойматов бо номи “Асрори ададҳо”, ки нашриёти “Маориф” ба тозагӣ интишор додааст. Ин китоб аслан як дастури  методӣ  барои  хонандагон донишҷўён ва  омўзгорон аст.

  Дар китоби  мазкур  оид  ба олами  ададҳои  шавқовар , хосият  ва  қонуниятҳои  ададҳо, намудҳои  ададҳо, сеҳри  рақамҳо, асрори  ададҳо , айниятҳои  ададӣ, решаҳои  аҷоиб, квадратҳои  сеҳрнок  ва ғайра  маълумоти  муфассал  дода шудааст.

  Дар  китоб  оид ба  хосиятҳои  аҷиби  ҷамъ тарҳ, зарб тақсим  ба  квадрат  бардоштан  ва аз решабарории   ададҳо  маълумоти  

Кумакхои амалӣ ва методию тахассусӣ ба китобхонаҳои минтақаи ВМБК

   Як гурўҳ кормандони Китобхона бо роҳбарии муовини директор Гадобек Маҳмудов, ҳамчунин сардори Маркази такмили ихтисос Маҳмадшариф Каримов, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон Мавзуна Орумбекова, муовини сардори шуъбаи АРКИ  Самандар Ниёзов ва сармутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ Зафар Ғолибов бо мақсади расонидани ёрии амалии методӣ ба китобхонаҳои давлатию -оммавии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва 

350 китоби Гавҳар Муродова ба Китобхонаи миллӣ

    Гавҳар Муродова – аз  Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ҳисоби китобҳои шахсии худ 350 адад китобро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Муаллима Муродова мегӯяд инҳо китобҳое мебошанд, ки солҳо ҷамъ кардааст ва ҳоло мехоҳад дигарон низ аз онҳо истифода кунанд.

   Гаҳвар Муродова аслан омӯзгор аст, вале чун ба тарҷумаи ҳоли вай менигарем, мебинем, ки тӯли фаъолияти корӣ ба чӣ иқдомотеву корҳое дастназадааст. Сарнавишти омӯзандае

Нақши Маркази такмили ихтисос дар таҷрибаи истеҳсолии донишҷўён

   Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзиширо хатм кардаанд. Аз ҷумла аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 нафар, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 166 нафар, аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба  номи М. Турсунзода – 9 нафар, аз Донишкадаи

Анатомияи одам

   Анатомияи одам илмест, ки шакл ва сохти бадани инсонро аз нуқтаи назари инкишофу вазифаи онҳо ва ҳам таъсир кардани сохтори вазифавӣ вобаста бо муҳити атроф меомўзад. Номи анатомия аз усули тадқиқотӣ, яъне чок ё ки ташреҳ кардан (anatemno, аз юнонӣ – чок ё ташреҳ кардан) гирифта шудааст, ки вай ҳозир ҳам яке аз усулҳои асосии омўхтани сохти бадан мебошад. Вазифаи анатомияи одам низ дар раванди таҳаввулот (эволютсия) аз дарккунии давраҳои асосии инкишофи одам, ташаккулёбии  бадани одамизод дар шароити муҳити атроф, хусусиятҳои сохти бадану узвҳои алоҳидаи он дар давраҳои гуногуни синнусолӣ иборат аст.

 

Страницы