такмили ихтисос

Ба истиқболи 5500 - солагии Саразми бостонӣ

“Бо таърихи гузаштаи халқи худ, бо шахсиятҳои бузурги аҷдодон фахр кардан хуб аст, аммо донистани таърихи гузаштаи ватан, зинда кардани одамони бузург вазифаи ҳар яки мост”.

Эмомалӣ  Раҳмон

Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба

Талоши устод Айнӣ барои пайдо кардани зодгоҳи Абӯалӣ ибни Сино. Порае аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин”

Аз  саёҳати Бухоро як мақсади дигари Айнӣ зиёрати он деҳае, буд, ки Абуалӣ ибни Сино дар он ҷо зоида шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он ҷо деҳаи Лағлақа аст. Худи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи Шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном деҳае нест. Дар райони (ноҳияи) Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рўи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст, номаш Испана (Испанӣ), аммо ин  

Китоби нав. Сафар Айюбзодаи Маҳзун. Таронаборон

“Таронаборон” китоби нави ашъори шоири маъруфи мо Сафар Айюбзодаи Маҳзун аст, ки чанде пештарак чоп шудааст.  Тавре аз номаш пайдост, он маҷмуаи  мунтахаби таронаҳо адиби шинохтаро дар бар гирифтааст. Муҳаррири китоб Сафарбек Нурзода дар як сарсухани мухтасар дар бораи таронаҳои Маҳзун изҳори назар кардааст, ки онро дар зер мехонед.

***   ***   ***  

Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба нахустин китоби Аниса

Гоҳе  мебинам, ки  қалам  дар  дасти  навомўзи  Аниса  мелағжад ва  ў  аз  вазн  берун  меравад  мисли   дарёчаи   шодоби  баҳорӣ, ки  соҳилҳоро ғабс кардааст. Гоҳо ў аз қолабу қавоиди шеър хориҷ мешавад, аммо муҳаббаташ  лағжанда   нест, андешаҳояш  бемаҷрову  камрабту  сустмантиқ  нестанд, пиндору  ормонаш  чун  мусавараи  комили  зебост, ки  нуқсе   натавон  ёфт. Ў ҷое  мегўяд, ки:

                                 Баҳри  навори  хати  филми  ҳаёт  

Посухи устод Садриддин Айнӣ ба як номаи Абдусалом Деҳотӣ

Номаи Абдусалом Деҳотӣ як силсила суолотеро дар бар мегирифт, ки посухаш на танҳо барои он рӯз, балки барои имрӯзиён басо муҳим аст ва дорои аҳамаияти бузурги илмист. Номаҳои устод Айнӣ, ки куллан омӯзандаанд, мутаассифона то ҳол пурра чоп нашудаанд. Посухе, ки дар зер мехонед, ба номаи Абдусалом Деҳотӣ аз таърихи аст, ки рӯзи 9-уми июл дар сомонаи мо пурра чоп шуд. Матни асл ва суолҳоро аз ин ҷо метавонед бихонед: Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ  

Нашри ду китоби Бахтиёр Муртазо: “Хӯшаҳо аз киштаҳо”, “Нақби Истиқлол”

Ахиран нависанда ва журналисти маъруфи кишвар Бахтиёр  Муртазо бо чопи ду китоби наваш хотири мухлисону ҳаводорони осорашро шод кард. Китобҳои “Хӯшаҳо ва киштаҳо” ва “Нақби Истиқлол” дар беҳтарин сифат ба зевари чоп ороста ва ба хонандагон пешкаш шуданд.  Маҷмўаи  мунтахаби  очеркҳо  ва қиссаи  мустанади  нависандаи  маъруф Бахтиёр  Муртазо “Хӯшаҳо ва киштаҳо” дар  ситоиши  корнамоӣ  ва садоқату 

Страницы