толори хониши кӯдакон

Даргузашти муаллифи "Гули шому саҳар"

Боз аз осмони адаб ситорае канда шуд, боз шоире моро тарк гуфт.
Боз суханваре дунёи фониро ба қасди олами боқӣ бигзошту бирафт.
Устод Бобо Ҳоҷӣ, адиби тозагӯ, ширинкалом дигар миёни мо нес. Оне, ки умре барои атфол навишт, оне, ки талош кард дунёи тифли дар худ дошта бошад, оне, ки гуфту навишту чун кӯдак софу беғаш монд, дигар дар миёни мо нест.
Бобо Ҳоҷӣ замоне аз олам рафт, ки 88 сол дошт. Наздикони марҳум ба хабарнигрон гуфтанд, ки вақтҳои охир бистарӣ буд ва қалбаш бегоҳии

Лаҳзае бо Латофат Кенҷаева

Бо ин шоираи маъруф хонандагони Китобхонаи миллӣ на аввалин бор аст, ки вомехӯранд. Латофат Кенҷаева аз ҷумлаи он афродест, ки ҳамеша омодаи мулоқот бо ханандагонаш аст ва ҳамеша даъвати Китобхонаи миллиро барои мулоқот бо хонандагони наврас ба ҷон мепазирад.
Субҳи рӯзи сешанбе, 26-уми январ низ шоираи маҳбуб бо даъвати Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо дастовезе аз навиштаҳои тозааш вориди толори хониши

Вуруди атфол ба Китобхона афзуд

Дар бахши адабиёти бачагон ва наврасон дар соли 2015 4866  хонанда омад. Кўдакон ва наврасони аз синни 3 то 14 солаи ба толор  омада, дониш ва ҷаҳонбинии худро тавассути мутолиаи китобҳо ва истифодаи барномаҳои компютерӣ сайқал доданд. Инчунин кўдакон ва наврасон аз 14 компютере, ки дар толор насб карда шудааст, истифода намуданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда

Теъдоди аъзои Толори хониши кӯдакон ба 4 ҳазору 585 нафар расид

Ин тозатарин рақамест, ки субҳи имрӯз эълон шуд. Яъне, шумори хонандагони фаъоли наврас ва кӯдакон афзуд ва ба 4 ҳазору 585 нафар расид.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бахшеро барои кӯдакону наврасон ихтисос дод, ки имрӯз аз бахшҳои фаъол ба шумор меравад. Ба ин толор, ки дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст, асосан кӯдакону наврасони синнашон а 5 то 16-сола ташриф меоранд ва саргарми мутолиаи...

Страницы