хизматрасонии махсус

Офтобо равшанӣ гир аз дили Равшандилон...

Ин аз чорпораест, ки дар васфи маҳфили “Равшандилон” суруда шудааст ва ҳар нишасти он бо ҳамин мисраҳо оғоз мешавад. Охирин маҳфили “Равшандилон” наврӯзӣ буд. Наврӯз ягона ҷашнвораи миллист, ки кӯҳнашавӣ надорад ва ин бор ҳам, ки охири март аъзои маҳфил гирди ҳам омаданд, нишасти худро наврӯзӣ номиданд. 

Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд

 Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Инҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ё дуюм дар ин маҳфил ширкат мекунанд. Эҷодкоранд ва ё мухлиси эҷодкорон, ки мехоҳанд аз суҳбатҳояшон ташнагии маънавӣ бишкананд. Ва дар маҳфили навбатӣ, ки рӯзе қабл таҳти раёсати шоири маъруф Хайрандеш 

Таҷлили рӯзи Артиши миллӣ дар шуъбаи хизматрасонии махсус

  Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Маҳмудов Гадобег   оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Иди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бидон дунё саросар роз бошад...

 Вақте ба чеҳраҳои моломол аз фараҳу шодкомии ин афрод менигаред, аслан намехоҳед бовар кунед, ки онҳо маълуланд. Мисли дигарон табассум ҳамеша гирди лабонашон гул мекунад ва шояд беҳтар аз бисёриҳо зиндадилтару ба зиндагӣ умедвортаранд. Онҳо дилшикаста нестанд, ки аз модар чунин таваллуд шудаанд ва ё бар асари ҳодисае пойи равон аз даст додаанд, чашмашон нобино шудааст, гӯшашон

Аввалин маҳфили “Равшандилон” баъди таътили тобистона

  Бо гузашти ҳудудан як моҳ аз таътили тобистон аъзои маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллӣ аввали ҳамоиши худро барпо карданд. “Равшандилон” як маҳфили эҷодкорон дар миёни афроди имкониятҳояшон маҳдуд аст, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад.

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

     Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи  5- уми июли соли 2019, соати 14 00  дар толори “Ошёни Булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 9- ум) чорабинии фарҳангию фароғатӣ  бахшида ба Рўзи  маъюбони Тоҷикистон (8-июл)  таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» доир гардид.

    

Страницы