хизматрасонии махсус

“Ганҷи сухан” бо ширкати Моҳпайкар Ёрова ва Зулфия Содиқова

Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳар моҳ як мароиба доир мешавад ва ҳадафи он фароҳам овардани имкони бештар барои хонандагони Шӯъбаи хизматрасонии махсус аст. Онҳо дар ин маҳфил ҳузур меёбанд ва бо шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву ҳунарӣ мулоқот мекунад. Дар бораи онҳо аз забони худашон мешунаванд ва бо онҳо муоколама мекунанд, атрофи китобҳову намоишҳо ва филмҳояшон баҳс меороянд.

Мусобиқаи шоҳмот миёни маъюбони шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкории “Пешрафт” ва шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот “Ҷоми Пешрафт-2018” миёни маъюбони шаҳри Душанбе доир гардид.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом

“Равшандилон”-и наврӯзӣ бо ширкати густардаи эҷодкорони Шӯъбаи хизматрасонии махсус

Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо ширкати ҷамъе аз эҷодгарони Шӯъбаи хизматрасонии махсус доир гардид. Шоири шинохта Хайрандеш ин бор ҳам чун маҳфилҳои пешин гардонандаи маҳфил буд. Вай дар оғоз ҳамаи ширкаткунандагонро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод кард. Дар сухани муқаддамотии худ ҳозиронро як бори дигар бо таърихи мухтасари Наврӯз ошно намуд ва фалсафаи ҷашнвораро шарҳ дод.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шӯъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикитсон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии вижа доир кард, ки дар он хоннадагони толори хониши шуъба, донишмандон, масъулини идораҳои давлатии мутасаддӣ ба роҳандозии чорабиниҳои ин сол, ҳунармандон ширкат карданд.

Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

“Равшандилон”-и ҳафта: шеърхониву байтбараку шоҳбайтгӯӣ

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зуҳри дирӯз баргузор шуд, асосан маҳфили шеърхонӣ ва байтбараку  латифа, ҳазлу мутоиба буд.

Ҳасан ва Ҳусейни Бихтиёрзода, Паривнаи Азиз, Хушбахти Одина, Ҷомӣ Сафарзода чанд порча аз ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик қироат карданд.
Хушбахти Одина шеърҳои нави худро хонд.

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Нишасти фарҳангии дирӯз, ки бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард ва иброз дош, ки артиш ин рукни асосии

Страницы