чорабиниҳои фарҳангӣ

Ганҷҳои озмун. Боз яке аз хурдсолтаринҳо: Динара Кароматзода, ки 9 сол дорад

Яке дигар аз хурдсолтарин иштирокчӣ дар номинатсияи адабиёти классикӣ Динара Кароматзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст, ки ҳамагӣ нуҳ сол дорад ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Данғара дар синфи 3 юм таҳсил мекунад. Динара барои ширкат дар қисмати ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик" роҳхат гирифтааст.

Ӯ гарчанде хурсол аст, аммо 113 ғазал, 120 рубоӣ, 500 байт 

Ганҷи озмун. Шаҳнози Шаҳнавоз. Шоираи 20-солаи норакӣ

Шаҳнози Шаҳнавоз, 20 сола, аз ҳама иштирокчии ҷавон дар наминатсияи Шоирӣ буда, зодаи шаҳри Норак мебошад. Донишҷӯи бахши сеюми коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, дар бахши филология таҳсили илм мекунад. Аъзои фаъоли маҳфили Хайрандеш аст.   Эҷодиёташ ҳудуди севуним ҳазор мисраъро дар бар мегирад.

Яке аз талаботҳои ин наминатсия дар 13 жанр шеър эҷод намудан аст. Шаҳнавоз тавонистааст, дар 13 жанр шеър гӯяд. Модари Шаҳнавоз китобдори Китобхонаи дустии халқҳои шаҳри Норак аст. Вақте аз фаъолияти эҷодияш пурсон шудем, гуфт, аз синни 15 солагӣ ба навиштани шеър шуруъ намудаам. Устоди нахустинам дар ҷодаи шеър шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ буданд. Ёдашон ба хайр

Саёҳат Назарова: Аз адабиёти тоҷик бештар ва адибони олам беш аз 200 асар хондаам ва зиёда аз 4000 мисраъ шеър медонам

Сайёҳат Назарова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1-и  ноҳияи Восеъ, гирандаи спидендияи президентӣ ва аъзои фаъоли бахши ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дирўз дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон» ширкат намуд. Саёҳат ҳамроҳ бо муаллимааш ба озмун омадааст ва мегӯяд аъзои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, китобхонаи  мактаб ва китобхонаи ноҳиявист. Бори аввал ба озмун омадааст, зеро соли гузашта дар олимпиадаҳо иштирок дошт. Ҳарчанд падари Сайёҳат дар муҳоҷирати меҳнатист, вале ҳамеша бо духтараш 

1000 байту 90 китоб аз адабиёти ҷаҳон. Назира Тухтарова

Меҳри китобхониро дар дилаш модараш - директори китобхонаи оммавии шаҳри Бўстон бедор кард. Маҳз бо тавсияи ў ширкаткунандаи озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Назира дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат мекунад.

Вақте  «Евгений Онегин»-и Александр Пушкинро нақл менамуд, ба назар мерасид ҳаяҷонзада шудааст. Шояд бори аввал буд, ки назди устодони сахтгир имтиҳон мешавад.

Мегуфт чун дилбастагии хоса ба адабиёти ҷаҳон дорад ва китобҳои зиёде хондааст, модараш тавсия додааст, ки дар

Ганҷҳои озмун. Шинос шавед: Расулӣ Самия Абдуғанизода – хурдсолтарин ширкаткунандаи озмун. Ҳамагӣ 5 сол дорад

Самияи панҷсола, ки аз Хуҷанд ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифта буд, рӯзи қабл баромад дошт. Самия хурдсолтарин ширкаткунандаи озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад. Ҳоло тарбиятгирандаи кӯдакистони рақами 33 шаҳри Хуҷанд мебошад. Самия барои омодагӣ ба ин озмун 2000 ҳазор мисраъ шеър азёд кардааст. Бо ҳиҷо Алифбо мехонад, вале шеърро аз забони модараш ва бибияш азёд мекунад.

Самия афсонаҳову шеърҳо аз Латофат Кенҷаева, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Мирсаид Миршакар, Алӣ Бобоҷон аз бар намудааст. Новобаста аз оне, ки Самия хурдакак аст, инчунин, ғазалҳо аз адабиёти классики халқи тоҷик аз ёд медонад. Дар

Ганҷҳои озмун. Дилафзун Раҳмонова, омӯзгори 23-солаи панҷрӯдӣ. Номинатсияи адабиёти классикӣ.

Аз хурдӣ рағбати беандоза ба адабиёт дошт. Ба ҳадде, ки хост омӯзгори риштаи забон ва адабиёт бошад. Чун самимона хост, ба орзуяш расид. Аммо шояд гумон намекард соле мерасад, ки озмуне дар чунин сатҳи олӣ баргузор мегардад ва ӯ то ба Душанбе меояд.  Имрӯз вай 13-умин ширкаткунанда дар номинатсияи  "Хондан ва аз ёд кардани осори  адибони классикии тоҷик” буд.

23 сол дорад, 1 январи соли 1996 зодаи деҳаи 

Страницы