чорабиниҳои фарҳангӣ

Рӯнамоии “Айёре аз Хуросон” баъди чиҳил соли таълифи он

​Имрўз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки ҷамъе аз адибон, донишмандон, пажӯҳишгарон ва рӯзном анигрони ватаниву хориҷӣ маҳфили фарҳангӣ ва ҳунарии рўнамоии китоби «Айёре аз Хуросон»-и устод Халилуллоҳ Халилӣ баргузор шуд. Китоби мазкур бо талоши муассисаи Китобхоаи устод Халилуллоҳ, ки мақари он дар шаҳри Душанбест ва сарвари он Ҷаъфар Ранҷбар чоп шудааст. Китобро Ҷумъахони Сайдалӣ аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва аз

Салима Раҷабзода: Китобхонаи миллӣ барои баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5 толори хонишро ҷудо кардааст

Аввали ҳафтаи оянда даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор мешавад ва чун озмуни гузашта даври ниҳоӣ боз ҳам дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Озмуни имсола аз гузашта фарқиятҳо дорад ва бо назардошти таҷрибаи порсола Китобхонаи миллӣ барои бе ягон камбудиву монеъ гузаштани он талоши бештар кардаву омодагиҳои зиёдтар гирифтааст. Суҳбати мо бо муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода атрофи ҳамин масъала буд.

- Лутфан бигўед, ки омодагиҳо ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кадом сатҳ аст? 

Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Солномаи  матбуоти Ҷумҳурии  Тоҷикистон» - феҳристи давлатии  матбуоти  чопӣ  буда,  мақсади он сари вақт ба хонандагон  расонидани иттилоот дар бораи  нашри  китоб  ва матбуоти  даврии  дар  ҷумҳурӣ  нашргардида мебошад. «Солномаи  матбуоти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  роҷеъ  ба  нашри  китобу  маҷалла,  рўзнома  ва дигар  маводи  чопие, ки дар  ҷумҳурӣ  ҳар семоҳа ба табъ  мерасад  маълумот  медиҳад.

Муассисаи  давлатии  Агентии  миллии  Созмони  байналмилалии рақамгузории  стандарти  китоб – хонаи  китоби  Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии  китоб) то

Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон. (Китоби 3)

Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос  намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти  инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.

Толорҳои пур аз хонандаи Китобхонаи миллӣ

Дирӯз, якшанбе кулли  толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ серхонанда буданд. Серхонанда шояд на он вожаест, ки асли мақс ади моро ифода кунад. Ин толорҳо ҷойи нишаст надоштанд. Соат даҳи субҳ буду бисёриҳо аз толор ба толори дигар мегаштанд ва ба худ ҷойи нишасту мутолиа мекофтанд. Маъмулан дар остонаи ҳар имтиҳоноти тобистонаву

Фарзона Мирзоева: Тоҷикистон ба як нашрияи ҳамарӯзии англисизабон ниёз дорад

​Фарзона Мирзоева - сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, ки чанде пештар рисолаи номзади худро дар соҳаи журналистика дар мавзӯъи «Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон»  дифоъ карда буд, аввали ҳафтаи равон соҳиби Шаҳодатнома шуд ва акнун расман номзади илмҳои филологист. Ҳамкору ҳамкасбамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем. Ба ҳамин муносибат як суҳбати кутоҳе ҳам доштем ва нахуст пурсидем, ки  рӯ овардани шумо ба илм интихоби кӣ буд: аз худатон ё

Страницы