чорабиниҳои фарҳангӣ

Мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи гиромидошти Мавлоно

Дирӯз бо ташаббуси  Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии тоҷикон” доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов сухани муқаддимавӣ кард ва чеҳраҳои  шинохтаи илму фарҳанги кишварро барои ҳузурашон дар ин нишаст хайрамақдам намуд.

Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёконамон мебошад.

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Таҷлили Рўзи Рўдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз қабл аз зӯҳр, бо ташаббуси  Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба  “Рӯзи Рӯдакӣ” зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ”доир  гардид.

Муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти рӯдакишиносон ҷалб намуд. Чунончӣ, Салима Раҷабзода қайд намуд, 

Сипосномаи Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбов

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбов – сардори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро ба сипоснома қадр кард.

Дар сипоснома омадааст: Аюбов Ҳайдаралӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Ҳамкорамон Ҳайдаралӣ Аюбовро ба ин қадршиносӣ самимона муборакбод мекунем.

Шаш нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба унвони Аълочии фарҳанг мушарраф шуданд

Бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаш нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовори унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Унвони фахрӣ дар ҷаласаи кормандон аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.

Инҳо:

1.Файзализода Ҷумахон Хол - Директори 

Мизи мудаввари «Мо ба озмун тайёрем» дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти унвони  «Мо ба озмун тайёрем» доир гардид.

Муовини аввали директори Китобхонаи миллии 

 

Як рӯзи назофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Шанбеи гузашта дар Китобхонаи миллӣ рӯзи назофату покӣ буд. Аз  сари субҳ кормандон  атрофи биноро тоза карданд, ҷӯйборҳои сабзазори ҳотаи китобхонаро аз хасрӯбаву баргҳои хазон тоза намуданд, алафҳои хушкидаро берун оварданд.

Бехи гулҳои сабзро нарм карданд, қисматҳои хазонрасидаи онҳоро тоза карданд.

Ҳамчунин дохили бино ва утоқҳои кориро низ

Страницы