адабиёт доир ба фарҳанг

Ҳамоиши « Саразм ёдгори бостонӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ҳамоиш таҳти унвони «Саразм ёдгори бостонӣ»  баргузор гардид. Дар нишаст кормандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар 

Рӯзи кинои тоҷик муборак бод!

“Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон  навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 октябри

Рӯзи Фалак расид...

Фалак (ар. - осмон), гардун, арш, модари ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кўҳистон, жанри мусиқии овозӣ ва созӣ аст. Фалак мутобиқи шакли худ якқисмӣ ва силсилавист. Фалак ананаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии кўҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳанд. Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб 

Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

Аслиддин  Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

Таи  садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову  ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи  ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик  қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.

Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши дуюм

Муаррихи маъруф Масъудӣ дар «Муруҷ-аз-заҳаб» доир ба ҳамин масъала чунин меорад :  «авом китоби Зардуштро  «замзама»меноманд ва дар байни шуаро ҳам  мурғони хушовоз ба  «зандхон» ё «зандбоф» маъруф буданд».

Дар оини зардуштӣ нақши шунавандаи ғайрифаолро (яъне нафаре, ки танҳо  ба гӯш андохтани Замзама фарогир аст) зери танқид қарор медоданд, яъне тибқи дастури мӯбадон, мебоист, ки ҳамаи пайравони ин мазҳаб худашон низ бо  овози баланд готҳоро сароянд. Дар  аксари кулли маъхазҳо ин  расмро «замзамахонӣ номидаанд, аммо бояд зикр намуд, ки Замзама ё замзамахонӣ– ин расми бо  лабони пӯшида бо овози «ҳм..»(садо дар  ин  ҳолат танҳо  аз димоғ хориҷ мешавад) 

Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши аввал

Тамаддунҳо садо доранд ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо таввассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сӯгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гавҳора, захмаи устоди танбӯрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кӯҳистонӣ, навои ҳазини найи чӯпонӣ,наъраҳои карнай ва ғул ғулаи нағораҳои базмӣ,суруди «Ёр – ёр»-и тӯйҳои арӯсӣ, фарёди шабоҳанги марди хирмандкӯб, нидои баландовози фалакхониҳо,тамкину сабурии авҷҳои «Шашмақом» ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори  ниҳонии таърих сабт гардидаанд. Ин навоҳо ба мо аз гузашта қисса мекунанд, аз саргузашти  дурру дароз.

Страницы