Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли таваллудаш 1414, вафоташ 1492) мутаффакир, шоир ва донишманди бузурги садаи ХV ба ҳисоб меравад. Бештари асарҳои ў оид ба аҳлоқ, фалсафа, тасаввуф, тасфир, фиқҳ, сарфу наҳви забони арабӣ, арузу қофия, мусиқӣ, тарҷумаи ҳол ва ғайра навишта шудаанд. Асарҳои адабиаш аз назму наср иборат буда, ба шакли жанрҳои гуногунанд. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ба замони мо девонҳои «Фотиҳат-уш-шубоб» (1479), «Воситат-ул-иқд» (1480), «Хотимат-ул-ҳаёт» (1492), асари насрии «Баҳористон» (1487), маснавиҳои ҳафтгонаи «Ҳафт авранг» ва дигар асарҳояш расидаанд. Соли 1970 шўъбаи дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи
Таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.
*** *** ***
Мо имрўз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Китоб фарогири мақолаҳо доир ба фаъолияти илмиву таълимии устодони зиндаёди факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» буда, аз рўзгору осори ибратомўзи чеҳраҳои равшани таърихнигории муосири тоҷик ҳикоят мекунад. Ин китоб ба донишҷўёну аспирантон, магистрантону докторантон, муҳаққиқону муаллимони фанни таърих ва тамоми иродатмандони таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад.
Ҳамчуноне дар муқаддима омадааст, китоби «Арҷномаи устодони таърихнигор», ки дар накўдошти олимону
Абӯали ибни Сино дар Аврупо бо номи Авитсена машҳур аст. Ӯ соли 980-ум дар деҳаи Афшона (Лагдака)-и ноҳияи ҳозираи Рометани Бухоро таваллуд ёфтааст ва соли 1037-ум дар сини 57 солагиаш дар Ҳамадон фавтидааст. Номи илмии ў Шайхурраис, номи худаш Ҳусейн ва номи падараш Абдулло ибни Синост. Бахшида ба ҳаёти Абӯалӣ ибни Сино дар китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ривоятҳо хеле хуб оварда шудааст. Абўали ибни Сино ҳанўз дар синни ҳаждаҳсолагӣ,
Ба муносибати 1150-солагии донишманди овозадори тоҷик Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тарғун ал-Васичӣ ал-Форобӣ ва 20-солагии рушди илмҳои риёзию табиӣ ва техникӣ дар Тоҷикистон аз тарифи доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулҳай Комилӣ китобчае бо номи «Форобинома» дар нашриёти «Ганҷи хирад» рӯйи чоп омад.
Дар китобча андар санаи таваллуду вафот, зодгоҳ, андар мансубияти нажодӣ, намунаҳое аз тасвири хаёлӣ, андар сафарнома ва манзили охират, андар фарзандони номбардор ва андар таърифу таснифу раддабандии донишҳои замони