илмӣ ва тадқиқотӣ

“Меҳвари рушди илми ҳуқуқшиносӣ”

​  Китоби мазкур бо инъикоси дастовардҳои дирўз ва дурнамои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мили Тоҷикистон бахшида шуда, аз саҳифаҳои дурахшону нотакрор, роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихор тайнамудаи факултет, диловарию корнамоиҳои устодони забардаст, олимони шуҳратёр, омўзгорони асил ва дастпарварони содиқи ин кохи муҳташами нуру маърифат ҳикоят намуда, дар он ба наслҳои имрўзу фардо оид ба воқеиати рушди факултети ҳуқуқшиносӣ дар дарозои 70- соли таърих ва хусусан даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти муътамад пешниҳод шудааст.

Ҳафтод соли профессор Аслиддин Низомов

 Аз пуркортарин муҳаққиқони мусиқии тоҷик  умуман Шарқ буда, мавзўъҳои назарии мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино, анъанаи меросбарӣ дар санъати мақом ва мақомсароӣ, иртиботи таърихии мақомҳо ва мусиқии ҳирфавии мардуми Ғарб, диди бадеию зебоишиносӣ дар мақомҳо, мусиқӣ аз дидгоҳи аҳли тасаввуф, суннати меросбарӣ дар оҳангсозӣ, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии классикиро баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ- оммавӣ буда, осораш ба русӣ, англисӣ ва 

Моҳи майи соли 2020

1-уми май

90-солагии зодрӯзи Низом Баҳриддинов (1930-2000), доктори илми кишоварзӣ, профессор.

95-солагии зодрӯзи Ҳомид Қаҳҳоров (1925-2002), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

120-солагии зодрӯзи Лафиф Латифов (1900-1982), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

90-солагии зодрӯзи Мирзоазиз Мамадазизов (1930-2006), актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

95-солагии зодрӯзи Ҳоҷимурод Муродӣ (1925), адабиётшинос.

Саҳифаҳои дурахшони 70 соли пуршараф

 Ин китоб ба таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки соли гузашта 70-солагии худро ҷашн гирифт. Ректори пешини он академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар с арсухани китоб навиштааст: Мояи ифтихору шарафмандист, ки дар рўзҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дурнамои рушди Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян намудааст, 70-умин солгарди таъсисёбии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро бо шукргузорӣ ва сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдату созандагии  ҷашн мегирем.

Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.  

Пандномаҳои Ҳусайни Ҳоҷимурод бо номи “Ҳазору як таманно”

 “Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст.

     Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм намудааст. Пас аз хатми донишкада бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи

Страницы