илмӣ ва тадқиқотӣ

Бонк чист ва бонкдор кист?

​Бонк яке аз субъектҳои иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар ҳар давру замон байни харидор ва фурӯшандаи пул мақоми миёнаравиро дорад.  Айни замон ҳаёти мусирро бе бонкҳо ва низоми бокӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Китоби Мавзуна Сабзаева “Бонк ва бонкдор” шуморо бо вижагиҳои зиёде, ки хости низоми бонкдорист, ошно месозад. Ин китоби таълимӣ ба  таҳқиқи фаъолияти бонкҳо, амалиёти бонкӣ, низоми бонкдорӣ ва шуғли бонкӣ дар Тоҷикистон ва шарҳи комёбиҳои бонкдорҳои машҳур бахшида шудааст. Он ба донишҷўёни тахассуси бонкдорӣ ва доираи васеи алоқамандони адабиёти иқтисодӣ тавсия карда шудааст.

Китоби нав: “Фимоз усулҳои ташхис, амалиёт ва оризаҳои амалиёти хатна”

 Ин дастурамали таълимӣ аз ҷониби  А.А.Азизов, Р.Султонов, Б.М. Займудинов  таҳия шудааст. Муаллифон дар пешгуфтор овардаанд:, ки ҳар як халқ дар тўли мавҷудияташ даҳҳо маросимҳои диниву миллӣ, маҳаллӣ, давлативу ҷомеавиро эҷод кардаву аз сар мегузаронад,қисматеро ба дасти фаромўшӣ супурда ва қисматеро ҳамчун ҷузъи таркибии зиндагияш нигаҳбонӣ менамояд. Дар миёни халқҳои  гуногуни дунё маросим ва урфу одатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки вобаста ба ҷисми инсон амалӣ карда мешаванд.Масалан, сўрох кардани гўш, дар баъзе халқҳо сурох кардани бинӣ барои овезаҳои ороишӣ, шикастани як дандони пеш, холкӯбии бадан дар ин шуморанд.

Таблиғи китобҳои тозанашрро чӣ гуна бояд ба роҳ монд?

​ Дӯсти дар Ҷопон таҳсилкардаам гуфт: Дар тамоми ҷойҳои серодами кишвари мавриди назар, мониторҳои калон насб шудаву тавассути онҳо навгониҳо ва ихтироъкориҳо таблиғ карда мешавад. Дар ин росто ҳамчунин доир ба китобҳои тозанашр иттилоъ дода шуда, китобхонӣ низ ба таври хеле густурда таблиғ мегардад.

Моҳи феврали соли 2020

1-уми феврал

90-солагии зодрӯзи Хайрулло Абдуллоев (1930-2008), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

70-солагии зодрӯзи Хадича Абдуҳалимова (1950-1997), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Холматҷон Аминҷонов (1950), олими соҳаи техника.

.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Китобхона

​ Табъу нашр ва роҳандозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамеша дар мадди назари Китобхона қарор дорад, зеро яке аз вазифаҳои Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи марказии ҷумҳурӣ, бо ҷалби мутахассисон, таъмин намудани китобхонаҳои кишвар бо дастурҳои методии китобдорӣ ва адабиёти тозанашр ва инчунин такмили ихтисоси китобдорони ҷумҳурӣ мебошад.

 Дар нуҳ моҳи соли равон китобҳои Д.Н.Логофет “Кишвари беҳуқуқон”, “Дар кўҳу водиҳои 

Тақвими моҳ: Ноябри соли 2019

1-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Оим Абдуллоева (1939), олимаи соҳаи иқтисод.

80-солагии зодрӯзи Баҳром Фируз (1939-1994), шоир, нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Файзулло Умаров (1939-2008), олими соҳаи математика.

Страницы