котибот

Китобхонаҳо дар давраи бемории Сovid-19

Аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон, се семоҳа мегузарад. Дар ин муддат зиндагии башарият ба тағйироти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Шак нест, ки ин вирус ба тамоми шохаҳои муносибот ва фаъолияти одамӣ таъсир расонид аз ҷумла, дар муносибатҳои шахсию иҷтимоӣ. Дар ин давраи вирусӣ бахшҳои илму фарҳанг низ ба таври иҷборӣ ба таътил рафтанд ва кишварҳои олам саъй мекунанд, ки аз ҳузури физикӣ дар китобхонаҳо низ худдорӣ

 

Сайре дар китобхонаҳои олам: Китобхонаи миллии Испания

Китобхонаи миллии Испания соли 1712 тавассути Филипи V зери унвони «Китобхонаи қаср» таъсис ёфтаастПеш аз ба тасвиб расидани Қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ”, ки алҳол амал мекунад, як фармони салтанатӣ ноширонро вазифадор месохт, ки як нусха аз китобҳои чопшуда дар Испанияро ба Китобхона барои нигоҳдорӣ ва истифода супоранд. Соли 1834 Китобхона

Сайре дар китобхонаҳои бузурги олам: Китобхонаи миллии Фаронса

Китобхонаи миллии Фаронса дар хиёбони Ришелю минтақаи “Париж ду” воқеъ шудааст. Поягузорони Китобхонаи миллии Фаронса подшоҳони Фаронса мебошанд. Карли V дар солҳои (1360-1380) аввалин китобхонаи салтанатӣ бо дороии ҳазор нусхаи хаттӣ дар яке аз толорҳои сохтмони Лувр  барои худ сохт. Жил Моле дар соли 1373 феҳристе аз нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаро таҳия намуд, ки ҳанӯз дастнависи он дар бахши нусхаҳои хаттии китобхона мавҷуд аст. Ҷойнишинони Карли V ба ин