маркетинг ва менеҷмент

Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон”

 Чунин ном дорад китобе, ки ахиран ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чоп шуд. Ин китоби хуб бо ороишоти ранга, расму мусаввараҳои бешумор аз таърихи пойтахт ҳикоят мекунад. Муаллиф Мирзоамин Мирсаидзода, ки худ собиқадори пойтахт аст, дар вазифаҳои масъули м ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри душанбе кору фаъолият намудааст, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад. Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:

Душанбе шаҳрест дилпазиру озода ва ҷавону қадим. Он мисли қалбест, ки ҳаёту мамоти тамоми Тоҷикистони азиз аз тапидану