нигаҳдории китоб

Анҷоми семинари байналмилалии “Сурури хотирот” дар Арманистон

Рӯзи 21 июни соли 2019 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон нуҳумин семинари байналмилалӣ, ки ба технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ бахшида шуда буд, ба анҷом расид. Дар он намояндагони 56 кишвари дунё аз ИДМ ва хориҷа ширкат варзиданд. Ширкаткунандагони он ба масъалаҳои ҳифз ва нигаҳдори мероси ниёгон  дар китобхона ва шаклҳои нигаҳдории фонди китобӣ таъкид карданд.

Фаъолияти пурсамари шуъбаи илми-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

   Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон (собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абул­қосим Фирдавсӣ) соли 1969 таъсис ёфт. Тўли фаъолияти беш аз 40 солаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (яъне то соли 1969) дар ин ҷо китобу маҷмўа, дастурҳои библиографӣ, методӣ, таҳқиқотӣ, маълумотномаҳо, нишондиҳандаҳо, мақолаҳои илмию оммавии зиёд ба табъ расиданд, ки масоили китобхона гуногуни ба китобу китобхона марбутро баррасӣ менамуданд.