Равзана

Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб 

Маркази «Тоҷикшиносӣ» – бунёди илмии худшиносии миллӣ

Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Марказ аз соли 2007 то инқониб фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт.

 

Китоби «Бохтар» аз силсилаи «Тоҷнома» чоп шуд

Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо номи «Бохтар» аз чоп баромад. Ин панҷумин китоб аз ин силсила буда, дар ду ҷилд таҳия шудааст ва он дар бораи таъриху забон ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо, хусусан азамати давлати Бохтар ҳикоят мекунад. Китоби мазкур дар силсилаи “Тоҷнома” аз ҷойгоҳи вижа бархурдор аст.

Ин китоби дуҷилда бо андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти 

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ...

 Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.

Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии

Розиам худ бинам умри кӯтаҳе..

 Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Баҳор овардан осон нест

 Ин номи дуюмин китоби шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур аст. Аввалин китоби ӯ бо номи “Ҳамболи турнаҳо” соли 2016 чоп шуда буд. Дар ин як навиштаи кутоҳ шеърашро таҳлил намекунем, бори ин масъулиятро ба дӯши мунаққидон мегузорем. Вале чанд ҷумла аз адабиётшиноси маъруф Анзурат Маликзода меорем, ки дар сарсухани басо кутоҳ, вале пурмуҳтаво ашъори ин маҷмӯаро таҳлил кардааст.

 Ӯ менависад: “Бузургмеҳри Баҳодур шоири маъниҷўй ва пажўҳишгари навроҳ аст. Шеърашро ҷустуҷўҳои илмӣ ва

Страницы