Тақвими моҳ

Моҳи октябри соли 2019

1-уми октябр

65-солагии зодрӯзи Раҳмоналӣ Амиров (1954), арбоби давлатӣ.

70-солагии зодрӯзи Низомиддин Валиев (1949), меъмор.

70-солагии зодрӯзи Қурбонхон Зокирова (1949), доктори илми тиб, профессор.

70-солагии зодрӯзи Ҳабибулло Ибодов (1949), доктори илми тиб, профессор.

80-солагии зодрӯзи Бисабоҳат Исмоилова (1939), доктори илми таърих, профессор.

80-солагии зодрӯзи Фарида Сафарова (1939), олимаи соҳаи педагогика.

80-солагии зодрӯзи Акбар Турсунов (1939), доктори илми фалсафа, академики АИ Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Зиёдулло Ҳасанов (1949), меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Рӯзи омӯзгор.

Рӯзи байнлмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморон.

2-юми октябр

50-солагии зодрӯзи Малоҳат Қодирова (1969), олимаи соҳаи педагогика.

65-солагии зодрӯзи Фирӯз Улмасов (1954), мусиқишинос.

70-солагии зодрӯзи Қурбон Ҳомидов (1949-1996), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Абдураҳим Ҳоҷибоев (1934-2009), доктори илми иқтисодӣ, профессор.

3-юми октябр

60-солагии зодрӯзи Абдувоҳид Бойбобоев (1959), олими соҳаи тиб.

90-солагии зодрӯзи Масъуд Мулллоҷонов (1929-2016), адабиётшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

95-солагии зодрӯзи Владимир Рейман (1924-1997), олими соҳаи геология.

100-солагии зодрӯзи Сейтнафе Сейтвелиев (1919-1983), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

60-солагии оғози пахши (1959) намоишҳои телевизиони Тоҷикистон.

4-уми октябр

95-солагии зодрӯзи Мунзифа Ғаффорова (1924-2012), доктори илми фалсафа, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

90-солагии зодрӯзи Лоланиссо Исмоилова (1929-2012), доктори илми биологӣ, профессор.

85-солагии зодрӯзи Тӯхта Қазоқбоев (1934), олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Мубинҷон Ҷӯраев (1949-1998), муаррих.

Рӯзи ҷаҳонии ҳайвонот.

5-уми октябр

125-солагии зодрӯзи Иброҳим Ализода (1894-1984), олими соҳаи фалсафа.

65-солагии зодрӯзи Саиднеъматулло Иброҳим (1954), шоири узбекзабони Тоҷикистон.

95-солагии зодрӯзи Воҳидҷон Исоев (1924-2011), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

70-солагии зодрӯзи Қурбоналӣ Яъқубов (1949), найнавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Рӯзи забони тоҷикӣ.

Рӯзи ҷаҳонии табассум.

6-уми октябр

85-солагии зодрӯзи Зебо Бобохонова (1934), олимаи соҳаи иқтисод.

105-солагии зодрӯзи Николай Жогин (1914-1996), генерал-майори адлия.

90-солагии оғози барориши (1929) киножурнали “Тоҷикистони Советӣ”- кинои ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти ҷумҳурӣ, моҳе як маротиба, аз соли 1948 ҳар ҳафта мебаромад. Соли 1992 навораш қатъ гардид.

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҷойи муқимӣ.

7-уми октябр

70-солагии зодрӯзи Қозидавлат Қоимдодов (1949), арбоби давлатӣ.

75-солагии зодрӯзи Субҳонқул Мавлонӣ (1944), олими соҳаи геология.

75-солагии зодрӯзи Ҳокими Сафар (1944), журналист.

60-солагии зодрӯзи Эргаш Хайруллоев (1959), олими соҳаи тиб.

60-солагии зодрӯзи Маҳмадамин Ҳоҷиев (1959), олими соҳаи тиб.

90-солагии зодрӯзи Манфред Лоренс (1929-2016), тоҷикшиноси немис, профессор.

Рӯзи байналмилалии муаллимон.

Рӯзи байналмилалии манзил.

8-уми октябр

85-солагии зодрӯзи Толибҷон Маҳмудов (1934), олими соҳаи физика.

65-солагии зодрӯзи Ҷӯрақул Муниев (1954), олими соҳаи техника.

75-солагии зодрӯзи Зиёвиддин Низомов (1944-2013), журналист.

65-солагии зодрӯзи Давлаталӣ Убайдуллоев (1954), коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Иди Меҳргон – ҷашни хуҷастаи ниёгон.

9-уми октябр

100-солагии зодрӯзи Надежда Михайлева (1919-1997), муаррих.

105-солагии зодрӯзи Абдуфаттоҳ Отаназаров (1914-1996), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

85-солагии зодрӯзи Алӣ Яҳёев (1934), Рассоми халқии Тоҷикистон.

Рӯзи байналмилалии почта.

10-уми октябр

75-солагии зодрӯзи Аскар Акаев (1944), физикдон ва арбоби давлатии қирғиз, узви хориҷии АИ Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Маҳмудҷон Воҳидов (1939-1977), актёри театру кино, ровӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

100-солагии зодрӯзи Хизматшои Дарвозӣ (1919-1996), шоир.

95-солагии зодрӯзи Рашид Мустақимов (1924-1994), доктори илми байторӣ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Рӯзи “Фалак”.

Рӯзи байналмилалии саломатии равонӣ.

Рӯзи ҷаҳонии варзиш.

11-уми октябр

70-солагии зодрӯзи Абдуҳамид Абдуллоев (1949-2008), олими соҳаи математика.

80-солагии зодрӯзи Анатолий Куптсов (1939-2016), генерал-лейтенант.

95-солагии зодрӯзи Раҳматҷон Муҳаммадҷонов (1914-1998), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Светлана Оденсова (1939), забоншинос.

90-солагии зодрӯзи Қобилҷон Юсуфов (1929), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Рӯзи байналмилалии коҳиши офати табиӣ.

12-уми октябр

75-солагии зодрӯзи Хайрулло Афзалов (1944-2011), доктори илми педагогӣ, профессор.

75-солагии зодрӯзи Ғиёсиддин Меъроҷов (1944), доктори илми тиб, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

65-солагии зодрӯзи Искандари Хатлонӣ (1954-2000), шоир.

13-уми октябр

150-солагии зодрӯзи Владимир Комаров (1869-1945), ботаник ва географи рус, яке аз роҳбарони Филиал ва Базаи Тоҷикистонии АИ СССР (1932-1943).

95-солагии зодрӯзи Нуриддин Муҳиддинов (1924), олими соҳаи кишоварзӣ.

95-солагии зодрӯзи Полина Хайимова (1924-1996), олимаи соҳаи математика.

75-солагии зодрӯзи Амриддин Ҳақбердиев (1944-1999), забоншинос.

115-солагии зодрӯзи Лидия Чёрная (1904-1981), доктори илми тиб, профессор.

Рӯзи кормандони суд ва адлия.

Рӯзи умумиҷаҳонии кӯмаки паллиативӣ (муваққатӣ).

14-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Обидҷон Абдуллоев (1939), олими соҳаи техника.

95-солагии зодрӯзи Шарофат Қосимова (1924), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

65-солагии зодрӯзи  Эҳсон Оқилов (1954), муаррих, хаттот.

110-солагии зодрӯзи Борис Франте (1909-1978), олими соҳаи тиб.

95-солагии таъсиси (1924) Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Узбекистон.

Рӯзи ҷаҳонии стандартизатсия.​

15-уми октябр

90-солагии зодрӯзи Лилия Абдушукурова (1929), олимаи соҳаи иқтисод.

75-солагии зодрӯзи Додоҷон Ёқубов (1944), олими соҳаи география.

70-солагии зодрӯзи Дастан Маҳкамов (1949), олими соҳаи педагогика.

65-солагии зодрӯзи Мирзоазии Мирзоқандов (1954), журналист.

85-солагии зодрӯзи Ҳалим Муъминов (1934-2004), забоншинос (арабӣ).

Рӯзи байналмилалии бонувони деҳот.

16-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Валентина Казарена (1939), забоншинос.

70-солагии зодрӯзи Фаршед Каримов (1949), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

125-солагии зодрӯзи Олга Питова (1894-1972), коргардони театр, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Дилором Раҳимова (1959), журналист.

90-солагии таъсиси (1929), Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. То 9-уми сентябри соли 1991арзи вуҷуд кард.

Рӯзи кормандони кинои тоҷик.

Рӯзи ҷаҳонии анестезологҳо.

17-уми октябр

95-солагии зодрӯзи Мавҷуда Абдувалиева (1924-2002), забоншинос, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Холмат Додобоев (1939), арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Каримҷон Маҳмудов (1944), кинорежисёр.

95-солагии зодрӯзи Эгам Раҷабов (1924-1995), файласуф.

60-солагии зодрӯзи Матлубахон Ҷаъфарова (1959-1998), олимаи соҳаи иқтисод.

18-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Аслам Адҳам (1939-2000), шоир, мутарҷим.

105-солагии зодрӯзи Кенҷабой Мирмуллоев (1914-1966), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Раҳматҷон Тошматов (1949), олими соҳаи техника.

95-солагии зодрӯзи Маҳмуд Тӯробӣ (1924-1997), журналист.

60-солагии зодрӯзи Владимир Шиголев (1959), доктори илми тиб, профессор.

19-уми октябр

70-солагии зодрӯзи Нина Баталова (1949), олимаи соҳаи химия.

95-солагии зодрӯзи Икром Исломов (1924-1984), доктори илми тиб, профессор.

95-солагии зодрӯзи Мария Прихожева (1914-1981), олимаи соҳаи тиб.

105-солагии зодрӯзи Екатерина Шабанова (1914-1968), актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

90-солагии ба шаҳри Душанбе додани номи шаҳри Сталинобод, соли 1961 аз нав номи шаҳри Душанберо гирифт.

20-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Ҷавлон Наҷмиддинова (1939), адабиётшинос.

65-солагии зодрӯзи Абдумалик Саломов (1954), наттоқи радио.

85-солагии зодрӯзи Юлдош Сафаров (1934), адабиётшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Абдулло Соҳибов (1954), олими соҳаи математика.

65-солагии зодрӯзи Муллоназар Холназар (1954), нависанда.

Рӯзи ҷаҳонии ошпазҳо.

Рӯзи ҷаҳонии диспетчерҳои авиатсия.

21-уми октябр

75-солагии зодрӯзи Абдулназар Абдулҳасанов (1944), генерал-майор.

85-солагии зодрӯзи Нурулло Азимов (1934), адабиётшинос.

90-солагии зодрӯзи Зинаида Захарова (1929), актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

90-солагии зодрӯзи Маҳмуд Исмоилов (1929-2011), доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

65-солагии зодрӯзи Ғаффор Сатторов (1954-2011), доктори илми тиб.

22-юми октябр

110-солагии зодрӯзи Александр Протсенко (1909-1993), устоди балет, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

110-солагии зодрӯзи Маҳмуд Султонов (1909-1957), сароянда, мутриб.

– Рӯзи гиромидошти хотираи Абунасри Форобӣ – мутафаккири форс-тоҷик.

Рӯзи байналмилалии одамони забонашон лакнатдор.

23-юми октябр

110-солагии зодрӯзи Флавий Бончковский 91909-1981), доктори илми биологӣ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Ҳамроқул Маҳмадқулов (1954), олими соҳаи кишоварзӣ.

110-солагии зодрӯзи Василий Обухов (1909-1945), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

110-солагии зодрӯзи Мухтор Самандаров (1909-1984), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

135-солагии зодрӯзи Григорий Ясвоин (1884-1963), доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

24-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Суҳроб Ашуров (1939), олими соҳаи география.

100-солагии зодрӯзи Наталя Морозова (1919-2005), журналист.

75-солагии зодрӯзи Темурҷон Раҳимбоев (1944-1997), генерал-майор.

120-солагии зодрӯзи Иля Селванский (1899-1968), нависандаи рус, тарҷумони осори С. Айнӣ ва адибони классики форс-тоҷик.

Рӯзи Созмони Миллали Муттаҳид.

​25-уми октябр

100-солагии зодрӯзи Алексей Дмитриев (1919-1944), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

80-солагии зодрӯзи Дилафрӯз Икромӣ (1939), адабиётшинос.

95-солагии зодрӯзи Ҳалим Тоҳиров (1914-1989), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

110-солагии зодрӯзи Бобомурод Турдимуродов (1909-1993), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

90-солагии зодрӯзи Кирей Ҷумъагозин (1929-1984), ҳайкалтарош.

26-уми октябр

65-солагии зодрӯзи Нурулло Ғиёсов (1954), адабиётшинос.

60-солагии зодрӯзи Абдулазизи Ҳоҷӣ (1959), шоир.

90-солагии аввалин парвози (1929), тайёраи мусофирбар ба хатти Душанбе-Ғарм-Хоруғ.

27-уми октябр

80-солагии зодрӯзи Исроилҷон Исмоилов (1939-2016), доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

90-солагии зодрӯзи Ираида Кийко (1929-2006), устоди мусиқӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Пиримқул Сатторӣ (1939-1994), шоир.

90- таъсиси (1939) вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд).

28-уми октябр

75-солагии зодрӯзи Шодимурод Дустбоев (1944), доктори илми иқтисодӣ, профессор.

50-солагии зодрӯзи Эмомназар Пирназаров (1969), олими соҳаи сиёсатшиносӣ.

65-солагии зодрӯзи Ҷумъахон Сафаров (1954), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рӯзи гиромидошти хотираи Абуҳомид Ғазолӣ – мутафаккири форс-тоҷик.

Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.

29-уми октябр

90-солагии зодрӯзи Қулмаҳмад Абдулҳусейнов (1929-1992), нависанда.

90-солагии зодрӯзи Ҳаким Носиров (1929-1982), адабиётшинос (узбекӣ).

90-солагии зодрӯзи Евгений Примаков (1929-2016), шарқшинос, арбоби давлатии рус, узви хориҷии АИ Тоҷикистон.

105-солагии зодрӯзи Иван Шаров (1914-1988), олими соҳаи тиб.

30-уми октябр

60-солагии зодрӯзи Хаёл Бобоев (1959), доктори илми таърих, профессор.

70-солагии зодрӯзи Александр Гулин (1949), олими соҳаи тиб.

100-солагии зодрӯзи Бахтдавлат Муродбеков (1919-1998), қутоспарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

65-солагии зодрӯзи Толмас Сайфиддинов (1954), олими соҳаи техника.

Рӯзи ҷаҳонии ёдбуди қурбониҳои ҷазои сиёсӣ.

Ҷашни Озар – иди хуҷастаи ниёгон.

31-уми октябр

85-солагии зодрӯзи Эргаш Бобоев (1934-1994), забоншинос (англисӣ).

50-солагии зодрӯзи Зафар Маҳмадуллоев (1969), олими соҳаи физика.

65-солагии зодрӯзи Ҷалолиддин Шамсиев (1954), доктори илми тиб, профессор.

85-солагии зодрӯзи Зайниддин Шарифов (1934), олими соҳаи тиб.