Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) рӯи чоп омад.

Соли панҷум аст, ки шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба забони тоҷикӣ «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, пешкаши хонандагон мегардонад. Дар қисми аввали тақвим ахбору воқеаҳои соли 2018 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библио­графӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст.

Зимнан дар қисмати аввали ахбору воқеаҳои соли 2018 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сот­сиалистӣ, генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷи­кистон, докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илму дотсентон (бо ун­вони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа муар­рифӣ мешаванд), адибону журналистони ҷумҳурӣ, арбобони фарҳанг (актёрону коргар-донҳои театру кино, радио ва телевизион, сарояндагон, мутрибон, оҳангсозон, рассомон, меъморон ва ғайра), ки санаҳои ҷашнӣ – 50, 60, 70, 80, 90, 100 – сола ва ғайра) доранд, номбар карда мешаванд.

Инчунин муаллиф зарур донист, ки намояндагони сиёсат, адабу фарҳанги ҳамзабон аз дигар мамолик, хоса Афғонистону Эрон ва Узбекистон, донишмандону муҳаққиқон ва нигорандагони хориҷӣ, ки ба пажӯҳиши ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистону мардуми он ва умуман таъриху тамаддуни форсизабонҳо шуғл варзидаанд, муаррифӣ шаванд, то ба ин васила миннатдории мардуми посихотирдорамон ба хидмати эшон зикр ёбад.

Изофатан, ҷашнҳои байналмилалӣ, миллию соҳавии ҷумҳурӣ, ид­ҳои хуҷастаи ниёгон, воқеаҳои ҷашнии сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба тақвим шомил шудаанд. Мавод тариқи зайл ҷобаҷо гардидааст: аввал ба тартиби алифбо ному насаби нафароне, ки дар Тоҷикистон зода шуда ё кору зиндагӣ доштаанд, оварда мешавад, ба думболи он ҳамзабонони бурунмарзӣ ва муҳаққиқону донишмандони хо­риҷӣ муаррифӣ мегарданд, воқеаҳои ҷашнии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ идомабахши онанд.

Тақвим ба китобдорону дигар дастандаркорон, ки дар тарҳ­резию  созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмӣ, адабию фар­ҳангӣ ва оммавӣ-маърифатӣ ҳиссагузоранд, мадад  хоҳад  расонид. 

Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ

 

Барчаспҳо: