Кӯдакон ва наврасон

Маҳфили “Дастони моҳир”: Тасвири манзараи зимистон дар ҷангал

​ Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» баргузор шуд, ки мавзӯъи он тасвири манзараи «Зимистон дар ҷангал»  дар рўйи коғаз будЗимистон фасли сарди сол аст ва бачаҳо, ки ба тозагӣ аз таътили зимистона ба синфхонаҳои худ баргаштанд, таассуроте ҷолиб шояд аз он доранд. Вале мавзӯъ “Зимистон дар ҷангал” буд ва табиист, ки мураббӣ мебоист аввал онро шарҳ диҳад.

“Харгўши сайёд”

 Китоби «Харгўши сайёд» аз асарҳои адиби бузурги мисалнависи рус И.А.Крилов мураттиб шуда, ки онҳоро шоир ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат бо тоҷикӣ гардонидааст. Дар хусуси зарурати шоири ин китоб метавон гуфт, ки бо масалҳои пурҳикмату хирадмандонаи ин шоир наслҳои зиёде тарбият гирифтаанд ва мутолиаи онҳо ба тарбия ва рушду камоли одамон, махсусан ҷавонону наврасон дар рўзҳои мо низ мусоидат хоҳад кард.

Тарҷумаи масалҳо аз нашри И.А.Крилов, Басни Нашриёти «Художественная литература», Москва, 1966 сурат гирифтааст.

Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо

 Дирўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзуъи «Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо ва ороиши Арчаи солинавӣ» баргузор шуд, ки дар он хонандагони наврас ширкат ва дар атрофи мавзуъ баҳс карданд.

  Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно 

Қатор дар маҳфили "Дастони моҳир"

 Оё бачаҳо медонад қатор чист ва оё касе аз онҳо бо қатор сафар кардаанд? Ин ду суол дар аввали маҳфили “Дастони моҳир” ба ширкаткунандагон ироа шуд, то мураббиён донанд, ки бачаҳо дар ин бора чӣ тасаввурот доранд. Маълум гардид, ки ҳама бо ин мафҳум ошноянд, қаторро дидаанд, дар бораи он маълумоти рушану норушон доранд. Пас 

Китобҳои тозавуруд: «Адабиёти бостон”

«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва  ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад. 

Маснавии «Каломи Мавлавӣ». Дафтари ҳафтум

 Таманнои муридӣ ба Мавлавии бузургвор ва пайванди эҷодӣ бо ашъори оламшумули ў дар дили бас қаламкашон мисли баҳри пуртуғён дар ҷўш аст, ки адиби тоҷик, сареҳтараш ҳамдиёри Ҷалолуддини Балхӣ – Одина Раҳмон, яке аз онҳост. Дар қалби ў ин ошиқиву дилдодагӣ ба дараҷаест, ки умед дорад, достонҳое дар пайравии Мавлавӣ эҷодкардааш «Маснави маънавӣ»-ро боз ҳам комилтар хоҳанд кард.

 Чӣ ҳам метавон гуфт, орзуҳову умедҳои ширин дар ҳеҷ сину со лайб нест. Ба муалиф баҳо додану дар ин роҳи сафед хостан дар ихтиёри хонандаи арҷманд боқӣ мемонад. Танҳо ин монда, ки муаллифро бо истифода аз маълумоти ом ада дар китобаш

 

Страницы