маркетинг ва менеҷмент

Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба муколамаи давлатҳои тамаддуни Осиё

 Аз 14 то 18 майи соли равон як ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар «Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё”, ки  дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт, ширкат намуд.  Китобхонаи миллиро дар ин ҳамоиш Сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов ва сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Зафар Саидов намояндагӣ карданд.

Бахшида ба Рӯзи Ҷавонон

 Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти

Салима Раҷабова: Пойдорӣ ва устувории оила аз муҳаббат аст

Тўли 26 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рўзи байналмилалии Оила» бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Яъне, соли 1993 бо қарори Ассамблияи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид «Рўзи байналмилалии Оила» расман тасдиқ карда шудааст. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас

Эҳёи боз як ҷашни миллӣ

​  Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон - Иди "Сайри гули лола", ки нишони посдории фарҳанги ободиву зебоипарварии мост, эҳё гардид. Ин ҳам бошад ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ду нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ сазовори унвони “Аълочии фарҳанг” шуданд

 Ду нафар аз кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон - Абубакр Аминов, сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва Зафар Саидов -сардори Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ бо унвони «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд.  Дар ҷаласаи ҳисоботии фаъолияти семоҳаи Китобхонаи миллӣ Директори китобхона, профессор Абдусалом Мирализода ба ин ду тан ҷоиза ва нишони сарисинагии онро тақдим кард.

Китобхонаи миллӣ дар як гузориши тасвирӣ

  Ин суратгузоришро ҳамкори мо Абдуғаюр Саломов омода кардааст. Як силсиланавор аз имрӯзу дирӯзи Китобхонаи миллӣ дар пасманзараи як шеъри хуби шоири хубамон Давлат Сафар. Давлат Сафар ин шеърашро ба Китобхонаву китоб бахшидааст ва Абдуғаюр онро қироат кардаву суратҳоро омода кардааст.

Пас бубинеду бишнавед. Ва лутфан ташриф оред ба ин боргоҳи маърифат, ки беҳтарин ҷой барои мутолиа ва дарёфти маърифат аст.

Страницы