адабиёт доир ба фарҳанг

Ҳунарманде некухислат, хоксор, хушсуҳбат ва бонуе озода

    Дилбар Умарова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум маъруфияти хос дорад. Дар суҳбате гуфтааст, ки ӯ бе театр вай ҳеҷ аст. “Театр ба ман нон дод, ном дод, машҳур кард. Шумо ҳам агар театр намебуд, ба назди Дилбар Умарова намеомадед ва ҳатто намедонистед, ки дар дунё зане ҳаст бо ҳамин ном. Дар зиндагии ман театр аз ҳама мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мешавад гӯям, ки театр саҷдагоҳи ман аст. Ман бе театр наметавонам.     

    Оре, Дилбар Умарова бештар ҳунарманди театр аст, то ки ҳунарманди синемо бошад. Дилбар Умарова

90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»

   Нақшофарии самимонаву басо ҷаззоби ҳунармандони шинохта Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов. Ин филмро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тамошо кунед.

    Дар филми «Зумрад»  (коргардон  Абдусалом Раҳимов,  Александр Давидсон, муаллифони 

Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ»

 Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Эпоси «Гӯрғулӣ» дар ҳаёти маънавӣ ва мадании халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноњияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Эпоси «Гӯрғулӣ» таърихест, ки ба василаи ровиён аз гузаштаи пурпайкору диловарии аҷдоди тоҷикон қисса мекунад.

90 соли кинои тоҷик: ФИЛМИ «ҲАСАНИ АРОБАКАШ»

 Ҳасан шубҳае надошт, ки ў ба қуллаи мақсади зиндагӣ расидааст. Замона бошад, бо роҳи  худ мерафт – замони нав – замонаи мураккаб на танҳо дигаргунсозии ҷамъият, балки тағири табиати инсонро талаб мекард. Ин замона аз сохтмон сар шуд: каналҳо месохтанд, роҳҳо, шаҳрҳо бунёд мекарданд. Техника пайдо шуд. Коргоҳи механикии нав, мошинҳои аввалин, мардумро моту ҳайрон карда, дар роҳҳо ба ҳаракат даромаданд. Ҳасан гумон дошт, роҳи зиндагиашро фақат худаш муайн карда метавонад ва

Филмҳои «Рустами достон» ва «Рустаму Сўҳроб»

 Шоҳнома асари безаволи классикии адабиёти тоҷику форс аст, ки халқи мо дар тули асрҳо мехонад. Таърихи шоҳони бостонӣ – танҳо торест, ки бар он дурдонаҳои ҳикоёти манзуми воқеаҳои таърихии қадимулайём кашида шудааст. Ин достони  қаҳрамонҳост, ки мазўи асосияш мубориза ва корнамоии қаҳрамононӣ халқӣ мебошад. Хираду инсонпарварӣ – ҳаминанд қувваҳое, ки дар тасаввуроти Фирдавсӣ тақдири халқҳоро ҳал мекунанд.

Намоишнома яке аз шаклҳои душвортарини адабиёт

 Ҳар як намоишнома вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавиро талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишномаҳои классикӣ нисбат ба намоишномаҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахти «Чашмони интизор», Ҳамдам А. «Писари ватан», Ғуломова С. «Ҳодисаи нангин», Ашур Ф. «Ҳасани аробакаш», Аҳмад С. «Исёни

Страницы