Маркази «Тоҷикшиносӣ» бунёди илмии худшиносии миллӣ

Соли 2007 дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кӯшише буд, ки ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани Китобхонаи миллии кишвар мусоидат менамуд. Марказ, аз соли 2007 то ҳол фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кӯтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузоштааст.

Бо тасмими роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2012, самти асосии фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ» васеъ шуда, ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хаттии ниёконамон таҳти унвони «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун») дар 50 ҷилд ба нақша гирифта шуд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву чоп мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин давра, 15 ҷилди силсилаи мазкур нашр гардидааст. Ҳадаф аз нашри ин силсила, эҳё, густариш, муаррифӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон ва бахусус ҷавонони саодатманди тоҷик аст.

Ин баёз бояд барои муайян намудани мақому мартабаи миллати кӯханбунёди тоҷик, ки яке аз нахустин офарандагони фарҳанги моддию маънавии башарӣ хизмат намудааст, барои рушду суботи худшиносӣ ва ваҳдати миллии мо ҳамчун заминаи муътамад ва мусаннади илмию фарҳангӣ мусоидат намояд.

«ТАЪРИХИ СИСТОН»

«ТАЪРИХИ СИСТОН» Китоби «Таърихи Систон» чун «Таърихи Табарӣ», «Ҳудуду-л-олам мина-л-Машриқ ила-л…
Муфассал

«АҶОИБНОМА»

«АҶОИБНОМА» «Аҷоибнома» (Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу –л-мавҷудот)-и Муҳаммад ибни Маҳмуди Тӯсӣ…
Муфассал

«ҲУДУД-УЛ-ОЛАМ»

«ҲУДУД-УЛ-ОЛАМ» Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам», ки номи комили он «Ҳудуд-ул-олам мина-л – Машриқ ила-л –…
Муфассал

«ТОҶИКОН»

«ТОҶИКОН» «Тоҷикон» - и Александр Поникарнович Шишов нахустин асари ҳаҷман калоне мебошад, ки дар…
Муфассал

«ЗАЙНУ-Л-АХБОР»

«ЗАЙНУ-Л-АХБОР» «Зайну-л-ахбор» як навъ донишнома буда, аз ҷониби Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ таълиф…
Муфассал

«ДИНКАРД»

«ДИНКАРД»  «Динкард» аз ҷумлаи китобҳои бостонии мардумони ориёӣ аст, ки матолиби зиёди илмию…
Муфассал

«АВАСТО»

«АВАСТО» «Авасто» китоби муқаддаси маздоӣ аст, ки дар рӯзгори бостон бисту як наск (китоб) дошт ва…
Муфассал