Вақт ва китоб: Чиро ва кай бояд хонд?

Ақидаи мавҷуд аст, ки гўё барои муваффақ шудан донишҷўе бояд ҳатман дар як шабонарўз 13-14 соат дарс бихонад. Аз як тараф тавон ва ҳавсалаи фардии инсонҳо гуногун аст, аз тарафи дигар ангезаҳои донишҷўён ҳам бо якдигар фарқ доранд. Ҳамчунин омодагиҳои дарсии ҳама яксон нест. Бинобар ин муҳимтар аз он ки ба сурати тез соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳем, ин аҳамият дорад, ки аз миқдори соатҳои мутолиаи худ – ҳар қадар ҳам ки бошад – беҳтарин ва бештарин истифодаро бибарем. Агарчи афзоиши соатҳои мутолиа зарурат дорад, аммо бадтарин кор дар ин маврид он аст, ки бо муқоисаи худ бо дигарон, заминаҳои изтиробро дар худ эҷод кунем. Ҳар нафаре, ки мехоҳад соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳад нуктаи муҳим ин аст, ки шитоб накунед.

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи чудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.

Таърихи миллати куҳанбунёди мо гувоҳ аст, ки ганҷинаи хиради ниёгон, саҳифаҳои муборизаи қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони сарбаландамон дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ, забонӣ ва фарҳангии худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз тавассути китоб гузашта, то замони мо расидаанд. Дар воқеъ, китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад. Дар ин маврид беҳуда нагуфтаанд, ки:

Бе китоб, эй дўстон,
бунёди мо
норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

 

Чун маълум аст, ки дар хусуси китоб, нақши он, хизматҳои таърихии ин каломи навиштор ва нигоҳдорандаи фарҳанги бою ғанӣ он ҷилд-ҷилд китоб иншо намоему аз дарёи бепоёни он соатҳову солҳо ҳарф бизанем, ин хеле кам хоҳад буд. Аз ин хотир, мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаи закӣ ва донишҷўёну илмомўзон, дар умум дўстдорони илмро ба мавзўи хеле муҳим, яъне истифодаи вақт, барномарезии вақт, истифодаи китоб, интихоби китоб ва мутолиаи китобҳои мутолиашавандаву интихобшаванда ҷалб намоям.

 

Сараввал мехоҳам дар бораи барномарезии вақт ва истифодаи босамари он чанд сухане гуфта бошам. Бояд гуфт, ки барномарезӣ дар пешрафти башар дар заминаҳои мухталиф нақши асосӣ ва ҳаётӣ дорад. Тавре таҳқиқотҳо нишон додааст, касоне, ки дар зиндагии худ барномарезӣ доранд, бисёр муваффақтар аз касоне ҳастанд, ки барномарезӣ надоранд. Дар ин замина мехоҳам таъкид намоям, ки дар хусуси мавзўи болозикргардида пажӯҳишгарони зиёде асарҳои мондагору хонданӣ аз худ боқӣ гузоштаанд ва онҳоро омўхтану пешкаши омма намудан, ба зеҳни онҳо таъсир расонидан дар ин мавзўъ ба манфиати кор хоҳад буд. Яке аз ин пажӯҳишгарон, ки дар муҳити донишҷўён ва илмомўзони Осиёи Миёна таҳқиқоти хеле арзишманд гузаронида, паҳлуҳои ин мавзўъро хеле муфассал рўшан намудааст, Ҷавод Вуфурӣ мебошад. Ҷавод Вуфурӣ дар таҳқиқоти худ донишҷўёни Осиёиро муқобил бо давлатҳои Амрикову Аврупо мегузорад ва таассуф аз он мехӯрад, ки илмомўзони ин қишр, яъне осиёӣ дар ин масъала хеле камфаъоланд ва хеле масъулияти коста доранд. Илова бар ин, ин ҷониб низ аз он сўҳбатҳо ва пурсишҳое, ки дар ин маврид зери пажӯҳиши зеҳниву биниш қарор додем, нишон дод, ки аксари донишҷўён ва каме аз аспирантону унвонҷўён дар тўли таҳсили худ чандон барномарезии дарсӣ - таҳсилӣ надоранд ва аз барнома истифода намекунанд ва ин омил яке аз иллати шикасти таҳсили онҳо гардидааст. Ҷавод Вофурӣ дар пажӯҳиш кўшидаст то муайян созад, ки хониши рўзона ва дархосту интихоби китоб чигуна бошад, ҳамчунин кушидааст рўшан намояд, ки соати мутолиаи китоб чӣ қадар муайян шавад ва таҳрезии онҳоро ба фаҳмиши донишҷўён талқин бисозад.

Аз ин рў, бо истифода аз манбаҳои дар ихтиёрдоштаи худ ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти барномарезӣ - вақти хониш, интихоби китоб барои пешрафти таҳсилии донишҷўён, кўшидем то фарогиронро бо наҳв ва шеваҳои сода ва усулӣ барномарезии таҳсиливу завқӣ ошно созем, то кўмаке бошад бар пешрафти таҳсили илмомўзон.

Ақидаи мавҷуд аст, ки гўё барои муваффақ шудан донишҷўе бояд ҳатман дар як шабонарўз 13-14 соат дарс бихонад. Аз як тараф тавон ва ҳавсалаи фардии инсонҳо гуногун аст, аз тарафи дигар ангезаҳои донишҷўён ҳам бо якдигар фарқ доранд. Ҳамчунин омодагиҳои дарсии ҳама яксон нест. Бинобар ин муҳимтар аз он ки ба сурати тез соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳем, ин аҳамият дорад, ки аз миқдори соатҳои мутолиаи худ – ҳар қадар ҳам ки бошад – беҳтарин ва бештарин истифодаро бибарем. Агарчи афзоиши соатҳои мутолиа зарурат дорад, аммо бадтарин кор дар ин маврид он аст, ки бо муқоисаи худ бо дигарон, заминаҳои изтиробро дар худ эҷод кунем. Ҳар нафаре, ки мехоҳад соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳад нуктаи муҳим ин аст, ки шитоб накунед. Як олими равоншинос мегўяд, ки ҳар рафтор дар тўли замон ба вуҷуд меояд ва тағйири рафтор низ ба замон ниёз дорад. Осемасар афзоиш бахшидани мутолиа ба натиҷаи ғайр аз ошуфтагӣ ва изтироб дигар ба чизе нахоҳад анҷомид. Оё ин хуб аст, ки базур 14 соат дарс бихонед, вале чизи зиёде ёд нагиред ё ин ки 5 соат дарс бихонед, вале воқеан матлабро дарк кунед. Пас иқдом ба афзоиши соатҳои мутолиа ба сурати қадам ба қадам сурат гирифтан мебояд. Мутмаин бошед бо як барномаи ҳисобшуда ва муназзам метавонед илова бар афзоиши тадриҷии соатҳои дарсхонӣ, аз замонҳои шурўъ ҳам истифодаи хубе ҳам бикунед. Барои тағйири рафтор ва афзоши соатҳои мутолиа аз куҷо шурўъ мебояд?

 Ба ақидаи Ҷавод Вофурӣ аввалин қадам, таъини вазъи феълии рафтор аст, ки истилоҳан он хати поя гуфта мешавад. Яъне, шумо барои афзоиши соатҳои мутолиа бидуни ҳеч гуна талош, ибтидо бояд муайян кунед, ки дар ҳоли ҳозир ва ба сурати воқеӣ чанд соат тавонӣ мутолиаи муфид доред. Ин кор хеле осон аст ва метавонад тавассути шумо ё яке аз атрофиён анҷом гирад. Ҳамчунин ў як роҳе нишон медиҳад, ки барои риоя ва назорати мутолиаи Шумо кумак хоҳад кард. «Барои мисол метавонед як ҳафта ё 10 рўз рамзеро расм кунед, ки хати амудии он нишондиҳандаи дақиқаҳо ва соатҳо ва хати уфуқии он нишондиҳандаи рўзҳо бошад. Ҳар рўз мизони мутолиаро идора ва ба рўи намуддор нақш кунед. Дар поёни рўзи охир, соатҳои мутолиа маҳсуб мешаванд. Дар ин сурат метавонед тасмим бигиред, ки бар асоси қувваи зеҳнии худ бо як раванди мантиқӣ ва мушаххас дар моҳи аввал 60 ё 90  дақиқа ва дар моҳҳои баъдӣ ба ҳамин тартиб соати бештареро ба барномаи худ изофа намоед. Пас агар битавонед вазъи феълии рафтори худро мушаххас бисозед, кори бузурге анҷом додаед, чун ин нуктаи оғози ҳаракат аст». Барои афзоиши соатҳои мутолиа муҳим каму беш нест, муҳим ин аст, ки шумо барои афзоиши тадриҷӣ ва барномарезӣ шудани он азм ва иродаи маҳкам дошта бошед. Идома ба чунин равиш метавонад пешрафти шуморо дар андак фурсат ба вуҷуд биёрад ва ин танҳо аз кўшиш ва кор болои худи ҳар фард даст хоҳад дод.

Масъалаи дигари хеле муҳим ва нигаронкунанда барои донишҷўён ин аст, ки аксаран ба далели камии фурсат ва аҷала, маъмулан роҳҳои пешрафтро хеле идеалӣ ва дастболо таъин мекунанд. Масалан касе, ки то ба ҳол дар рўз се соат дарс мехондааст, якбора тасмим мегирад 10 соат дарс бихонад, ё касе ки ҳадди ақал 9 соат мехобидааст, миқдори хоби худро ба 6 соат коҳиш медиҳад. Ин тағйироти ногаҳонӣ натанҳо қобили иҷро нестанд балки боиси зарар ва ошуфтагӣ мегарданд. Талош ва ғайрати тағйироти бузург агарчи метавонад гоҳе як истисно бошад вале барои ҳама имконпазир нест. Бинобар ин бояд роҳҳои пешрафт бо раванди маъқул ва мантиқӣ таъин шаванд. Агар қуввати зеҳнии шумо 4 соат имкони мутолиа дорад беҳтар аст дар як ё ду ҳафтаи аввал тасмим бигиред, ки фақат ним соат ба ин миқдор изофа кунед. Дар сурати маваффақият барои ҳафтаҳои баъд боз ҳам ним соати дигар ва ба ҳамин тартиб дар ҳафтаҳо ва моҳҳои баъд ним соат ва 1 соат афзоиш диҳед то ба ҳадди матлуб ва мавриди назар бирасед.

Хуллас барои раванди идораи пешрафт ва ба муваффақияти калон ноил шудан шахс ҳамеша бояд дар мутолиа ё барномарезии вақтро барои мутолиа дошта бошад. Дар сурати акс, мутолиаи ҳавоӣ (бенақша) чанд маълумоте беш ё умуман кур-курона назар кардан ба мутолиа, чизе беш нахоҳад буд.

Тавсияҳо: ба ҷои муқоисаи миқдори соатҳои мутолиаи худ бо дигарон, аз замонҳои мутолиа - ба таври матлуб истифода кунед; ба ҷои афзоиши ҷаҳишии соатҳои мутолиа, ба сурати тадриҷӣ ва қадам ба қадам амал намоед; маънои афзоиши соатҳои мутолиа, арзёбии вазъи феълӣ ва таъини хати поя аст; бо расми намудор, раванди идораи пешрафти худро аз ҳолати зеҳнӣ басурати айнӣ дароваред; барои идомаи раванди пешрафти худ роҳҳои қадам ба қадам ва қобили дастрас таъин кунед; барои назорати рафторҳоятон як низоми худназорат эҷод кунед; агар ба ҳар далели он тавр ки дилатон мехоҳад наметавонед пешрафтро идора намоед; имкони истифода аз нерўи кўмаки зери назар қарор диҳед.

Чиро ва кай бояд хонд?

Акнун мехоҳам дар бахши мутолиаи китоб, китобҳои мутолиашванда ва интихоби китобу тарзи дурусти китобхонӣ чанд сухане гуфта бошам. Дар бисёр ҳолатҳо хислат ва маърифати хеле коста моро домангир аст. Яъне, аксар вақт бо ақидаи он ки ҳоло вақт аст, ҳоло хондан фароҳам меояд, ҳоло ҷавонам ва ё ҳоло нав ба 15 даромадам ё 20 дар ин ҷабҳа донишҷўён ва умуман афроде ба ин ақида хеле иштибоҳ мекунанд. Ба ақидаи баъзеҳо гўиё ҳоло зуд аст. Не зуд нест! Маҳз ҳоло сабури кардан ва ё ба тақдир мувофиқ будан хато хоҳад буд. Дар шароити хеле хуб ва шароите, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон ва умуман илмомўзон фароҳам омадааст, хуб бояд истифода бурд. Дар ин замина шоҳид ҳастем, ки тули солҳои охир ба вуҷуд омадани мактабҳои олӣ ва ҳатто Китобхонаи миллии боҳашамат ва дорандаи фонди бою ғанӣ, ки назираш дар Осиё нест барои мо сохта шудаанд. Танҳо аз мо хондан ҷўстуҷу ва маърифатшавии ҷиддӣ тақозо мешаваду бас. Имрўз мо бояд ғубори бол барафшонем, чаро ки вақти парвоз фароҳам омадааст.

Албатта, масъалаи хонишро нодида гирифтан ин кори имрўзаро ба фардо гузоштан, аҳамияти маърифатии китобро ночиз донистан аст. Ин ба дарки ҳар фарду ҳар шахси дорои маърифатдошта ва ё маърифатнодошта вобастааст, инро вақт нишон хоҳад дод, аммо алъон кадом китобҳоро бихонем? Китобҳои содаву саргармкунанда ва ё китобҳое, ки моро рўхан беҳ гардонида, барои фарох намудани илми мо кўмак мекунад.

Чун маълум аст, ки китобҳои саргармкунанда барои инсон чун обу ҳавоянд. Онҳо барои ҳамагон, алалхусус барои ҷавонон фораму судбахшанд. Талабу хоҳиш ҳаст ва ҳамин завқи талаб ҳамеша ҷустуҷўро фароҳам меорад. Хониши ин гуна китобҳо хонандаро ба зинаи дигар, ба хондани китобҳои ҷиддитар омода мекунад.

Муқобили ин гуна китобҳо ҳастанд китобҳое, ки кас намехоҳад онҳоро китоб биномад. Хондани онҳо ба ҷуз пушаймонӣ ва сарфи вақт чизи дигаре намеорад. Миёни онҳо ҳастанд китобҳое, ки нафратро меоранд. Воқеан китобҳое, ки гуфтаниҳои зиёд надоранду ба хонанда иттилои тоза намедиҳанд, китоби хуб нестанд. Мунаққиди англис Ҷон Рескин гуфта буд: Китоберо, ки нахонанд, дўст надоранд ва рўйи сафҳаҳояш ишораҳо нагузоранд, наметавонад судманд бошад.

Яке аз масъалаҳои бо китоб кор намудан ва пайваста бо мутолиа дил бастан ин кори мустақилона бо китоб мебошад. Дар интихоб ва чигуна мутолиаи китоб мустақилона сари ин масъала кор кардан мебояд. Яке аз шартҳои ниҳоят муҳимми амиқ аз худ кардани донишҳо он аст, ки кори мустақилона бо китоб дуруст ташкил карда шавад. Мустақилона бо китоб кор кардан барои азхудкунии донишҳои нав аҳамияти бағоят калон дорад. Барои он ки шахс донишҳои навро чуқур азхуд намояд, донишҳои ҳосил кардааш ба ақида табдил ёбад ва дар ӯ ҷаҳонбинии мустаҳкам пайдо гардад, кори мустақилонаи баландбардории дараҷаи маълумоти худро дуруст ташкил карданаш зарур аст. Дар ин масъала тарзи хониши Абуалӣ ибни Сино барои мо намунаи ибрат буда метавонад. Сино қариб тамоми илмҳои азхуднамудаи хешро мустақилона аз худ намудааст ва таъкиди бисёре аз мунақидон дар хусуси китобхонӣ ё мутолиа ҳамеша рабт мегирад ба ў. Аз ин хотир мо низ кушидем аз ин қолаб бурун наравем. Абуалӣ ибни Сино умре ба худомӯзӣ машғул буд. Ба воситаи мутолиаи китобҳо илми тибро мустақилона азбар намуда, яке аз барчастатарин донишмандони ин соҳа гардид. Чунон ки баъдҳо бо ифтихор ёдоварӣ кардааст, ӯ ягон лаҳзаи навҷавониашро бе китоб нагузаронидааст. Оромӣ барои ӯ хос набуд. Хотираи бемислу монанди ӯ миқдори бешумори маълумотҳоро абадӣ дар худ нигоҳ медошт.Ва ҳангоме ки сину соли Сино ба ҷое расида буд, дар андак вақт онҳоро ба ёд меовард. Дар ин бора ӯ навиштааст: «Дар мантиқ, табииёт ва риёзиёт он чӣ буд, омӯхтам ва ин илмҳоро чандон фаро гирифтам, ки то имрӯз чизе бар он фарогирифтаҳо афзун нашудааст»

Шеваи хониш

Шахсе ки бо китоб кор мекунад, бояд аввал маводи китобро зуд аз назар гузаронад. Пеш аз ҳама, ӯро зарур аст, ки ба навиштаҷоти муқова, мундариҷа ва сарсухан шинос шуда, баъд саҳифаҳои китобро аз назар гузаронад. Дар ин бобат тарзи кори Абуалӣ Сино барои мо намунаи ибрат мебошад. Ӯ мазмуни китоб, ҷиҳатҳои муҳим ва ҳатто камбудиҳои онро хеле зуд дармеёфт. Тарзи тезхониро ёд гирифтан зарур аст, ин малака дар ҷараёни гачриба ботадриҷ инкишоф меёбад. Ҳангоми кор бо маводи мушкил, бехтар аст, ки аввал дойр ба он тасаввуроти умумӣ пайдо карда бошед.

Бобати хомўшона ё баланд хондани китоб як гурӯҳ тадқиқотчиён ба он ақидаанд, ки бо усули хомӯшона хондан худро одат кунондан лозим аст. Онҳо чунин мешуморанд, ки дар вақти хомӯшона хондан маводро зудтар фаҳмидан ва чуқуртар фикр карда баромадан мумкин аст. Ва ақидае ҳам ҳаст, ки барои хондан на танҳо ба мулоҳиза кашидан лозим меояд, балки онро дар хотир ё ҳофиза нигоҳ доштан зарур меояд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки хусусиятҳои ҳофиза (хотира) низ дар ин ҳолат ба назар гирифта мешавад. Барои фаҳмиши амиқ ва дарки матлаб пешниҳод мегардад, ки дар вақти хондан дуруст муҳокима ва фикр кардан пеш меояд, пеш аз ҳама калима, истилох ва ибораҳои мушкилро фаҳмида гирифтан зарур аст. Барои ин зарур аст, ки сари ҳар калима, истилоҳ ва ибораи мушкил чуқур фикр карда, барои дуруст фаҳмидани онҳо аз луғат, маълумотнома ва энсиклопедияҳо истифода бурда, дар бораи ҷойҳои номавфҳум ба одамони дигар муроҷиат карда, маънои он ҷойҳоро пурра фаҳмида гирифтан мебояд. Мазмуни мантиқии матнро фаҳмидан, нуқтаҳои дар мавод баёншударо ба ақидаи худ табдил додан, иштибоҳи пайдошавандаро зоҳир намудан низ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Бо ин мақсад зарур аст, ки мавод амиқ ва мантиқӣ фикр карда баромада шавад. Дар баробари ин лозим аст, ки илмомўз пас аз кор карда баромадани мавод аз он хулосаҳои илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра барорад. Дар рафти фикр карда баромадани ана ҳамин гуна масъалаҳо мустақилона кор кардани ў муайян мегардад, дар вай ақидаҳои даркорӣ ҳосил гардида, минбаъд ба мавод ба назари ҷиддӣ нигоҳ хоҳад кард.

Аз сарчашмаҳо чӣ гуна метавон истифода кард?

Вобаста ба омӯхтани сарчашмаҳо илмию методӣ маслиҳат дода мешавад, ки беҳтар аст ҷавоби ягон савол, таърифу тавсифи мафҳумҳои нав ва ғайра навишта гирифта шаванд. Хуллас, он чиро, ки аҳамияти калон ва маънои амиқ дорад, навишта гирифтан беҳтар аст. Хеле хуб мебуд, агар ҷойҳои аз мавод гирифта дар карточкаҳои алоҳида бо тамоми санадҳояш - муаллиф, номи китоб, саҳифа, номи нашриёт, соли нашр навишта шавад. Марҳилаи охирини кор бо китоб, тамоми маводи хондашударо хомӯшона такрор карда, аз он натиҷа ва хулосаҳо баровардан аст. Бисёр донишҷӯён ба ин ҷиҳати кор чандон аҳамият намедиҳанд. Вале боварӣ хосил кардан мушкил нест, ки ин кор барои чуқур аз худ кардани мавод ва барои мустаҳкам дар хотир нигоҳ доштани он ниҳоят зарур мебошад. Хулоса, усулҳои кор бо китоб басо гуногунанд. Зарур аст, ки усулҳои қулайтари ин корро ҷустуҷӯ намоем, онҳоро дар кори ҳаррӯзаю харсоатаи худ бисанҷем ва моҳирона ба амал барорем.

Ҳамин тариқ гуфта метавонем, ки хонандаи ҳақиқӣ дўстдори китоб аст. Майли хондан ҳамеша ўро ба сўйи дукон ва ё китобхона мекашад. Ин ишқ хеле ҷозиб буда, дар ин дўстдорӣ бевафоӣ ҷой надорад. Ашхосе ҳастанд, ки баъди хондани чанд китоб ва ё ҳатто баъди хондани як асари хуб ба хондан меҳр мебандад. Барои дигарон ин ишқ ба оҳистагӣ меояд. Барои хонандаи ҳақиқӣ гаштани онҳо ягон воқеаи муҳим: бевафоии ёр, ғам, ҳаводиси дигари ҷиддӣ боис мешавад. Ва ин тоифа одамон ба китоб рў меоранд. Китобҳоҳам ба мисли ёри бовафо, ҳамсўҳбати беранҷ ба ёрии онҳо мешитобанд. Рафта-рафта лаззати китоб барои онҳо ба мисли худи ҳаёт ширин шуда, онҳоро шадидан ба огўш мегирад. Он вақт…

Он вақт кас ҳамроҳ бо китоб саёҳат мекунад. Ин сайёҳат бо тамоми кайфияташ моро ба айёмҳо мебарад. Ва мо муддатзамоне ҳаёти хешро ба фаромўшӣ дода, бо симоҳои нексиришти мардумони ҷаҳон шинос мешавем. Гоҳ дар шимол, гоҳ дар ҷануб ва гоҳе орому гоҳе ба ҳаяҷон ҳамсўҳбати онҳо мешавем. Мо бо ҳусният, бо табассум дўстдори онҳое хоҳем шуд, ки аз паси кори нек, барои ишқи пок, барои ҷавонмардӣ сўйи орзуҳои хеш меравем.

Аминов Фирдавс,

сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ

Манбаи истифодашуда:

Вуфурӣ, Ҷ. Мураттаб сохтани реҷаи кор ҳамчун омили пешрафти сифати таҳсилоти донишҷуён // Паёми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. – 2006.

Шарифов, Д. Усулҳои ташкили кори мустақилонаи донишҷуён бо китоб // Фаслномаи Донишгоҳи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав. - №3. – 2008. – С.13-14.

Шарифзода, Р. Чунон хон, к-он чи мехонӣ бидонӣ // Омўзгор. – 1997. – 7 феврал.

Барчаспҳо: