Вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар гуфтугӯ бо профессор Сайфиддин Назарзода

Зимни як гуфтугӯ дар барномаи “Суҳбати рӯз”-и телевизиони “Ҷаҳоннамо” кишвар профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон чашмандозе дошт дар бораи вазъи кунунии забони давлатӣ. Вай ба саволи забони модарии мо имрӯз дар кадом вазъ қарор дорад, аз ҷумла гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро доро мебошад.
Метавон гуфт, ки он ҳам забони расмӣ, ҳам забони коргузорӣ, яъне забони рукнҳои тамоми ҷомеаи кишвар дониста мешавад. Бинобар ҳамин, аз ин нуқтаи назар бояд забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор дошта бошад.