Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Чун расми рӯзҳои гузашта субҳи имрӯз низ ҷамъе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳашон ҳозир шуданд, то тибқи нақшаи ҳаррӯза дар ободониву тозагии Китобхона саҳм бигиранд.
Онҳо атрофи бинои муҳташамро чорӯб заданд, хасу хасрубаҳоро бардоштанд, барои кабудизоркунии атроф корҳои дигарро анҷом доданд.
Баҳор ҳам фаро расид, то Наврӯзи оламафрӯз рӯзҳои бошумор мондаанд ва бояд корҳои ободониву сарсабзгардонӣ то Наврӯз анҷом бигиранд.
Паси бинои Китобхона саҳнаи васеъи сабзазор аст ва дарахтоони зиёд шинонда шудаанд. Боистӣ барои сарсабз нигоҳ доштани онҳо талоши фаровон кард.
Ин аст, ки рӯзҳои тозагиву низофат дар китобхона кори як рӯзу ду рӯз нест, балки ҳамарӯза кормандонаш бар ин талош меварзанд.